https://sputnik.tj/20261111/rahmon-tojikiston-talosh-rusiya-taqviyati-saad-1082052452.html
Раҳмон: Тоҷикистон талошҳои Русияро барои тақвияти СААД баланд арзёбӣ мекунад
Раҳмон: Тоҷикистон талошҳои Русияро барои тақвияти СААД баланд арзёбӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари ҷумҳурӣ бар он ақида аст, ки тақвияти ҳамоҳангии сиёсӣ ва афзоиши таъсири амалии қарорҳои қабулшуда аҳамияти хоса дорад
2026-11-11T19:52+0500
2026-11-11T19:52+0500
2026-11-12T11:29+0500
саад
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/0b/1082050912_115:32:3063:1690_1920x0_80_0_0_62a186bc4f3dab757d0679983be03ff1.jpg
ДУШАНБЕ, 11 ноябр — Sputnik. Тоҷикистон талошҳои Русияро барои тақвияти ҳамкориҳо байни кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) баланд арзёбӣ мекунад.Ин нуктаро раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, зимни ҷаласаи дахлдор дар Маскав изҳор дошт.Ӯ қайд кард, ки рӯзномаи кунунӣ манфиатҳои муштаракро барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ инъикос мекунад.Ба гуфтаи ӯ, тақвияти ҳамоҳангии сиёсӣ ва афзоиши таъсири амалии қарорҳои қабулшуда дар шароити кунунӣ махсусан муҳим аст.Раҳмон таъкид кард, ки авлавияти Тоҷикистон тақвияти марз бо Афғонистон аст.Президент афзуд, ки фаъолияти СААД бояд бар пояи эътимоди мутақобила, ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамаи кишварҳои узв ва иҷрои ӯҳдадориҳои қаблан қабулшуда асос ёбад.Ба гуфтаи Раҳмон, Тоҷикистон барои ҳамкории созанда бо ҳамаи аъзои созмон омода аст.Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар Маскав - президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ва президенти Беларус Александр Лукашенко ширкат карданд.Дар ҷаласа ҷанбаҳои асосии ҳамкорӣ ва чораҳо барои такмили низоми амнияти дастаҷамъии СААД, инчунин масъалаҳои муосири байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ мешаванд, хабар медиҳад Кремл.
https://sputnik.tj/20261110/saad-taqviyat-marz-tojikiston-afghoniston-1081995940.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/0b/1082050912_263:0:2994:2048_1920x0_80_0_0_effdc99f307ece8bfd43de58d3563b36.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саад, владимир путин, эмомалӣ раҳмон, амният ва мудофиа
саад, владимир путин, эмомалӣ раҳмон, амният ва мудофиа
Раҳмон: Тоҷикистон талошҳои Русияро барои тақвияти СААД баланд арзёбӣ мекунад
19:52 11.11.2026 (Навсозишуда: 11:29 12.11.2026) Кишвардор бар ин ақида аст, ки тақвияти ҳамоҳангии сиёсӣ ва афзоиши таъсири амалии қарорҳои қабулшуда аҳамияти хоса дорад
ДУШАНБЕ, 11 ноябр — Sputnik. Тоҷикистон талошҳои Русияро барои тақвияти ҳамкориҳо байни кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) баланд арзёбӣ мекунад.
Ин нуктаро раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, зимни ҷаласаи дахлдор дар Маскав изҳор дошт.
Ӯ қайд кард, ки рӯзномаи кунунӣ манфиатҳои муштаракро барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ инъикос мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, тақвияти ҳамоҳангии сиёсӣ ва афзоиши таъсири амалии қарорҳои қабулшуда дар шароити кунунӣ махсусан муҳим аст.
Раҳмон таъкид кард, ки авлавияти Тоҷикистон тақвияти марз бо Афғонистон аст.
"Дар соли раёсати мо дар ин созмон, мо қасд дорем, ки талошҳои худро барои тақвияти минбаъдаи амнияти минтақавӣ, ки бар асоси шиори раёсат аст: "Амнияти дастаҷамъӣ, тақвияти марзҳо, суботи минтақавӣ, масъулияти муштарак" равона кунем", - гуфт сарвари давлат.
Президент афзуд, ки фаъолияти СААД бояд бар пояи эътимоди мутақобила, ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамаи кишварҳои узв ва иҷрои ӯҳдадориҳои қаблан қабулшуда асос ёбад.
Ба гуфтаи Раҳмон, Тоҷикистон барои ҳамкории созанда бо ҳамаи аъзои созмон омода аст.
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар Маскав - президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ва президенти Беларус Александр Лукашенко ширкат карданд.
Дар ҷаласа ҷанбаҳои асосии ҳамкорӣ ва чораҳо барои такмили низоми амнияти дастаҷамъии СААД, инчунин масъалаҳои муосири байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ мешаванд, хабар медиҳад Кремл.