Боевая работа системы дистанционного минирования Земледелие группировки войск Центр - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Пескову Мединский:Изҳороти аврупоҳо аз сулҳ дар Украина дарак намедиҳад

© Sputnik / Кристина Соловьёва / Гузариш ба медиабонкБрифинг по итогам трехсторонних переговоров России, США и Украины в Абу-Даби.
Брифинг по итогам трехсторонних переговоров России, США и Украины в Абу-Даби. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2026
Обуна шудан
Котиби матбуотӣ ва ёвари президенти Русия доир ба иштироки ҳайати аврупоӣ изҳори назар карданд
Душанбе, 11 ноябр – Sputnik. Дмитрий Песков,котиби матбуотии президенти Русия, гуфт, ки Маскав айни замон изҳороти аврупоиҳоро,ки хоҳиши саҳмгузорӣ дар сулҳ дар Украинаро дошта бошанд, намебинад.

"Айни замон мо изҳороти аврупоиҳоро мешунавем, вале хоҳиши саҳмгузорӣ дар пешрафти сулҳро намебинем",-гуфт Песков ба хабарнигорон.

Ӯ афзуд, ки айни замон дар бораи муносибатҳои Русия бо Аврупо ягон дурнамо вуҷуд надорад, аммо ин албатта дар ягон лаҳза баррасӣ хоҳад шуд.
Владимир Мединский, ёвари президенти Русия, изҳор дошт,ки кишварҳои аврупоӣ метавонанд иштирокчиёни музокироти сулҳ дар бораи Украина шаванд, вақте ки виҷдонашон бедор мешавад.
Қаблан, музокироти дурӯза бо иштироки ҳайатҳои Русия, Иёлоти Муттаҳида ва Украина дар Абу-Дабӣ ба анҷом расид.
Мединский пас аз музокироти сеҷониба дар АМА, дар посух ба саволе дар бораи он ки кай аврупоиҳо иштирокчиёни комили музокироти Украина мешаванд, гуфт: "Ман фикр мекунам, ки ҳамин ки виҷдонашон бедор шавад, онҳо метавонанд иштирокчиёни музокироти сулҳ шаванд."
Президент Финляндии Александр Стубб. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Стубб аз Аврупо даъват кард, ки бо Русия муколамаи мустақим анҷом диҳанд
Баъди музокироти Абу-Дабӣ тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки табодули асирон анҷом дода шавад.
Табодули асирон бо Украина аз ҳар ҷониб беш аз ҳазор нафарро фаро хоҳад гирифт, - генерал Александр Зорин.
Ин калонтарин табодули асирон аз аввали амалиёти вижаи низомӣ хоҳад буд, изҳор дошт муовини аввали сардори Раёсати иттилоотии Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия.

Ин табодул метавонад дар давоми ду-се ҳафтаи оянда сурат гирад, афзуд ӯ.
Лентаи хабарҳо
0