Лавров: Арманистон ҳеҷ дархости расмӣ барои хуруҷ аз ИИАО пешниҳод накардааст

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергеем Лавров.
Министр иностранных дел РФ Сергеем Лавров. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2026
Обуна шудан
Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Русия, ҳеҷ кас ният надорад, ки Арманистонро аз ИИАО ва СААД хориҷ кунад
ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Арманистон ҳеҷ гуна дархости расмӣ барои хуруҷ аз СААД ва ИИАО-ро пешниҳод накардааст.
Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар посух ба суоли хабарнигори SputnikLive изҳор дошт.
"Гарчанде Пашинян қайд кардааст, ки СААД дигар барои Арманистон ҷолиб нест ва ин созмонро барои ҷумҳурӣ бефоида номидааст, инҳо танҳо суханонанд ва бо ҳеҷ гуна ҳуҷҷати расмӣ тасдиқ нашудаанд", - гуфт вазир.
Талоши Пашинян барои баргузории раъйпурсӣ, он ҳам пас аз пешниҳоди дархост барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо, ба мардум имкони интихоби воқеиро намедиҳад, балки онҳоро дар баробари як вазъияти анҷомёфта қарор медиҳад.
Ҳамзамон, ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Русия, ҳеҷ кас ният надорад, ки Арманистонро аз ИИАО ва СААД хориҷ кунад.
Пештар, муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук гуфт, Арманистон аз узвият дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) аз ҷиҳати иқтисодӣ фоида мегирад.
Торговая точка в Ереване. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2026
Сафири Русия: Иштирок дар ИИАО барои гардиши мол ва ММД-и Арманистон муфид аст
"Дар тӯли 10 соли аз узвияти Арманистон дар иттиҳод, ММД-и кишвар қариб се маротиба афзоиш ёфтааст. Тиҷорати мо дар авҷи худ дар соли 2024 ба 12,4 миллиард доллар расид, дар ҳоле ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар он вақт тақрибан 26-27 миллиард долларро ташкил медод", - гуфт Оверчук.
Ёдовар мешавем, ки парлумони Арманистон моҳи марти соли 2025 қонунеро қабул кард, ки раванди пайвастан ба Иттиҳоди Аврупоро оғоз мекунад. Президент Ваагн Хачатурян қонунро моҳи апрел имзо кард. Владимир Путин зимни мулоқот бо Пашинян изҳор дошт, ки иштироки ҳамзамон дар Иттиҳоди гумрукӣ ва ИА ғайриимкон аст.
Лентаи хабарҳо
0