Топ-5 бартарии Тоҷикистон дар заминаи ҳуши маснуъӣ

© Foto / Изображение сгенерировано ИИРабота с использованием искусственного интеллекта.
Работа с использованием искусственного интеллекта.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Тоҷикистон нақшаи тавсеаи иқтисоди рақамиро то соли 2040-ро қабул кардааст, аммо ҷолиб на фақат худи харитаи роҳ, балки бартариҳои кишвар дар рушди ҳуши маснӯъӣ мебошад.
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik Зеҳни маснӯъӣ дигар технологияи оянда нест - имрӯз он соҳаҳои маъмул, аз тиҷорат то тиб ва кайҳонро, тағйир медиҳад. Кишварҳо фаъолона саноеъи пешрафтаи ҳуши маснӯъиро ворид мекунанд ва Тоҷикистон ҳам намехоҳад қафо монад ва лоиҳаҳои худро роҳандозӣ ва сармоягузорони бузургро ҷалб мекунад.
Рушди технологӣ на танҳо фоида, балки суолҳои навро низ ба миён меорад. Масалан, чӣ гуна истифодаи ҳуши маснӯъиро бехатар ва самаранок гардонидан мумкин аст. Ҳамин масъала дар Душанбе дар конфронси байналмилалии ҳуши маснӯъӣ AICONF-2026 баррасӣ шуд.
Барои таъмини татбиқи бонизоми технологияҳо, Тоҷикистон нақшаи тавсеаи иқтисоди рақамии амиқро то соли 2040 қабул кардааст. Аммо ҷолиб дар ин самт на худи харитаи роҳ барои гузариши ҳамаҷониба ба иқтисоди рақамӣ, балки бартариҳои кишвар аст, ки вазири саноат ва рушди технологӣ Шералӣ Кабир таъкид кард. Дар ин бора аз ин маводи Sputnik Тоҷикистон маълумоти бештар гиред.

Иқтидори саноатӣ барои тавсеаи ҳуши маснӯъӣ

Тавре Шералӣ Кабир борҳо изҳор доштааст, имрӯза ҳуши маснуъӣ ба яке аз авомили муҳими дигаргунии саноат, афзоиши баҳраварӣ ва тақвияти рақобатпазирии иқтисоди ҷаҳонӣ табдил шудааст.
Ба қавли ӯ, аз ҳамин сабаб ҷумҳурӣ тавсеаи иқтисоди рақамӣ дар бахши саноатро яке аз авлавиятҳои сиёсати давлатии худ қарор додааст
“Кишвари мо аз зарфиятҳои муҳими роҳбурдӣ бархӯрдор аст, ки метавонанд заминаи муносиберо барои тавсеаи зерсохтҳои ҳуши маснуъӣ ва саноеъи пешрафта фароҳам кунанд”, гуфт вазири саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон.
Вай ҳангоми муҳокимаи имкониятҳои Тоҷикистон барои рушди ҳуши маснӯъӣ, иқтидори кишварро барои хунуксозии моеъ ҳамчун дороии асосии кишвар номид: типографияи кӯҳистонӣ, вижагиҳои иқлимӣ ва манобеъи обии Тоҷикистон, фурсатҳои муносиберо барои мутолиа ва ба коргирии фановариҳои навини хунуксозӣ, аз ҷумла хунуксозии моеъ, фароҳам мекунанд.
“Истифода аз чунин фановариҳое метавонад короии марокизи коркарди додаҳоро афзоиш диҳад, масрафи энержиро коҳиш диҳад ва заминаҳои бештареро барои ҷазби сармоягузориҳои байналмилалӣ фароҳам созад. Ҳамзамон, истифодаи хирадмандона аз манобеъи об бояд асли асосии иҷрои чунин пружаҳое бошад”, гуфт Шералӣ Кабир.
Ба гуфтаи вай, дувумин бартарии роҳбурдӣ, энержии пок аст, ки заминаи тавсеаи ҳуши маснуъии мубтанӣ бар энержии барқи обиро фароҳам мекунад, зеро беш аз 90 дарсади барқи Тоҷикистон аз тариқи нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад ва бар асоси бархе арзёбиҳо, ин шохис ба 98 дарсад мерасад.
“Ин зарфият барои тавсеаи марокизи коркарди додаҳо ва тавони муҳосиботии бо амалкарди боло як бартарии муҳим ба шумор меравад ва метавонад Тоҷикистонро барои ширкатҳои байналмилалии фановарӣ, ки ба истифода аз энержиҳои таҷдидпазир ва коҳиши радпои карбонии зерсохтҳои диҷитол алоқаманд ҳастанд, ба мақсаде ҷаззоб барои сармоягузорӣ табдил кунад”, гуфт Шералӣ Кабир.
Севумин бартарӣ ба марокизи коркарди додаҳо ва захоири роҳбурдии маъданӣ марбут мешавад, зеро таркиби зарфиятҳои барқи обӣ, имконоти табиии хунуксозӣ ва захоири сурма, мис ва дигар маводи маъдании дорои аҳамияти саноатӣ, заминаи тавсеаи зерсохтҳои ҳуши маснуъӣ ва тавлидоти пешрафтаро фароҳам мекунад.
“Тоҷикистон аз ҷумлаи тавлидкунандагони муҳими сурма дар ҷаҳон ба шумор меравад ва дар ҳоли ҳозир дар ҷойгоҳи дувуми ҷаҳон қарор дорад. Ҳадафи мо тавсеаи фароварии амиқи маводди хом, ҷазби шарикони фановарӣ ва вуруди тадриҷии кишвар ба занҷираҳои байналмилалии тавлиди маҳсулоти пешрафта аст”, гуфт вазир.
Чаҳорумин мазияти Тоҷикистон, мушорикат дар саросари занҷираи арзиши ҳуши маснуъӣ, яъне Upstream ва Downstream аст, зеро вазифаи роҳбурдии кишвар танҳо ба истиқрори марокизи коркарди додаҳо маҳдуд намешавад.
“Мо мехоҳем тамоми занҷираи арзиши ҳуши маснуъиро пӯшиш диҳем: аз манобеъи табиӣ, энержиҳои таҷдидпазир, маводди маъдании роҳбурдӣ ва зерсохтҳои муҳосиботӣ гирифта то тавсеаи маҳсулоти рақамӣ ва роҳкорҳои ҳушманд. Баҳрагирӣ аз чунин зарфиятҳое дар саноат, мудирияти давлатӣ, умури молӣ, омӯзиш, беҳдошт ва дармон ва корофаринӣ метавонад ба шаклгирии тавлидоти навоварона ва хадамоти миллии рақобатпазир кӯмак кунад”, гуфт вазири саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон.

Насли нав

Аммо, шароити беназири табиӣ ва пойгоҳи бойи ашёи хом танҳо заминаи техникӣ мебошанд. Омили муҳимтарини рушди ҳуши маснӯъӣ вазъи демографии кишвар аст. Аз ин рӯ, вазири саноат аҳолии ҷавонро ҳамчун панҷумин бартарии Тоҷикистон ном мебарад.
Тиҷорати васеътар ва тамаркуз ба зеҳни сунъӣ: ҷаласаи СҲШ дар Душанбе бо чӣ хотирмон буд? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2026
Тиҷорати васеътар ва тамаркуз ба зеҳни сунъӣ: ҷаласаи СҲШ дар Душанбе бо чӣ хотирмон буд?
Ҳудуди 71 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро афроди зери 35 сол ташкил медиҳанд ва ин нерӯи инсонии азим, фурсати арзишмандеро барои тарбияти насли ҷадиди муҳандисон, барноманависон, пажӯҳишгарон ва мутахассисони ҳавзаи ҳуши маснуъӣ фароҳам мекунад.
“Мо ба тавсеаи омӯзишҳои фановарона, густариши барномаҳои маҳоратомӯзӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи вижа дорем, зеро ҳадафи мо на танҳо ҷазби фановариҳои хориҷӣ, балки тарбияти мутахассисони миллӣ барои тарроҳӣ ва тавсеаи мустақили ин фановариҳост”, гуфт Шералӣ Кабир.
Ҳамин тариқ, ҳамаи ин бартариҳо — аз низомии самараноки хунуксозии моеъ дар шароити кӯҳӣ то афзоиши сармояи инсонӣ — Тоҷикистонро ба як майдони хеле умедбахш барои сармоягузории технологӣ табдил медиҳанд. Аз ин рӯ, кишвар ҳама имкониятҳоро дорад, ки исбот кунад, ки бо равиши дуруст, хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва демографӣ метавонанд ба омили асосии пешрафт табдил ёбанд.
Лентаи хабарҳо
0