Аз баҳс то сафари бераводид: Муносиботи байни Тоҷикистон ва Эрон чӣ гуна рушд кард?

Обуна шудан
Эксклюзив
Тоҷикистон ва Эронро забони муштараки форсӣ, мероси фарҳангӣ ва хотираи таърихӣ — аз Рӯдакӣ ва Фирдавсb. Саъдӣ ва Ҳофиз — ба ҳам мепайванданд. То ин дам, муносибатҳои байни ду кишвар давраҳои ҳамкории наздик ва сардшавиро аз сар гузаронидаанд
Чаро имрӯз байни Душанбе ва Теҳрон "обшавии яхҳои" сиёсӣ ба амал омадааст? Амнияти минтақавӣ, Афғонистон, тиҷорат, энергетика ва нақлиёт чӣ гуна ба муносибатҳои онҳо таъсир мерасонанд?
Ин ва дигар масоили муносиботи ду кишварро хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо Лана Раванди-Фидой, доктори илмҳои таърих, дотсент, роҳбари Маркази фарҳангии Шарқ ва муҳаққиқи калони Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия, баррасӣ кард.
Барои дарки муносибатҳои Эрон ва Тоҷикистон, эҳтимолан мо бояд ба аввали солҳои 1990 баргардем, зеро дар он вақт, вазъияти комилан нави геополитикӣ ба миён омад.
Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, Эрон бори аввал имкон пайдо кард, ки бо давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ муносибатҳои мустақим барқарор кунад. Албатта, Тоҷикистон дар байни онҳо мавқеи махсусро ишғол мекард.
"Ва шояд Эрон сазовори таҳсин аст, зеро кушиш накард, ки ин қаламравҳоро пурра аз худ кунад. Мисли он, ки Туркия дар Озарбойҷон мекард", - бовар дорад коршинос.
Чаро? Барои Теҳрон, Тоҷикистон танҳо як ҷумҳурии дигари собиқи Шӯравӣ набуд, он як давлати мустақили форсизабон буд, ки Эрон бо он анъанаҳои муштараки фарҳангӣ ва таърихии чандинасра дошт.
"Ва Эрон яке аз аввалинҳо шуд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард. Ин 9 январи соли 1992 рух дод, муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳо барқарор шуданд ва сафорати Эрон дар Душанбе кушода шуд", - гуфт Фадоӣ.
Амнияти минтақавӣ, Афғонистон, тиҷорат, энергетика ва нақлиёт чӣ гуна ба муносибатҳои онҳо таъсир мерасонанд?
Коршинос гуфт, чаро барои Тоҷикистон долони ҳамлу нақл тавассути Эрон муҳим аст
Ин ва дигар масоили муносиботи ду кишварро хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо Лана Раванди-Фидой, доктори илмҳои таърих, дотсент, роҳбари Маркази фарҳангии Шарқ ва муҳаққиқи калони Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия, баррасӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0