Хатлон: ноҳияи Дӯстӣ нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кард

© Дафтари матбуоти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ТоҷикистонМаъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта - 2023 дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон
Маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта - 2023 дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2026
Обуна шудан
Пахтакорони ноҳияи Дӯстӣ беш аз 18 ҳазору 500 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуда, ба корхонаҳои коркард супурданд
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Раиси вилояти Хатлон, Давлаталӣ Саид кишоварзони ноҳияи Дӯстиро бо ғалабаи меҳнатӣ табрик гуфт.
Дар ин бора хадамоти матбуоти вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Дӯстӣ дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор иштирок кард.
Ба кишоварзони пешсаф барои саҳм дар иҷрои дурнамои мавсимӣ туҳфаҳо тақдим намуд.
Дар мулоқот бо масъулони соҳа ва кишоварзон, ки дар Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи "Ҷунтай Хатлон Син Силу" баргузор гардид, раиси вилоят ба пахтакорон барои меҳнати содиқона, ҷамъоварии ҳосил ва таъмини саривақтии корхонаҳои коркард бо ашёи хом изҳори сипос кард.
Бо ин натиҷа ноҳияи Дӯстӣ дар баробари шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант ва Данғара ба сафи аввалинҳо дар вилоят пайваст, ки дурнамои ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро карданд.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати имрӯза дар вилояти Хатлон 177 ҳазору 263 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки беш аз 66 фоизи дурнамои солонаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон нерӯгоҳи азими офтобӣ бунёд мешавад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2026
Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон нерӯгоҳи азими офтобӣ бунёд мешавад.
Дар соли ҷорӣ дурнамои истеҳсоли пахта барои 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилоят 266 ҳазору 200 тонна пешбинӣ гардидааст.
Дастоварди пахтакорони ноҳияи Дӯстӣ дар таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми ватанӣ ва рушди иқтисодиёти минтақа муҳим арзёбӣ гардид.
Лентаи хабарҳо
0