Театри тоҷик дар саҳнаи Маскав: Гулмаҳмадзода хостори робитаҳои бештари фарҳангӣ шуд

© Foto / НИАТ "Ховар"Театральный спектакль "Сказание о Сиявуше" показали в Москве.
Театральный спектакль Сказание о Сиявуше показали в Москве.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2026
Обуна шудан
Дар театри Никита Михалков дар шаҳри Маскав театри тоҷик ду намоишнома ба саҳна гузошт, ки ба истиқболи гарм рӯ ба рӯ шуд. Ҳунармандони тоҷик иқрор шуданд, ки дер боз чунин истиқболи гармро надида буданд
ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия пешниҳод кард,ки ҳамкориҳои фарҳанги миёни кишварҳо боз ҳам густариш дода шавад.
Дар ин бора Давлатшо Гулмаҳмадзода зимни суханронӣ дар доираи ҳунарнамоии кормандони театри тоҷик дар Москав изҳор дошт, иттилооъ дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ки дар ин маросим ширкат намуд.
"Чорабиниҳои мо набояд якдафаъина бошад, мешавад, ки соле рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон мегузарад ва баръакс рӯзҳои фарҳангии кишвари мо дар Русия. Баргузории чунин чорабиниҳоро мо бояд ривоҷ диҳем. Ман бисёр хурсанд ҳастам, ки имрӯз ин мазҳака баргузор гардид",-гуфт сафир
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Маскав ҳунармандони Театри давлатии Академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоиши "Достони Сиёвуш" ва мазҳакаи “Хоҳ биёӣ, хоҳ наё”-ро ба саҳна гузоштанд.
Намоиш бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба хотири татбиқи барномаҳои рушди фарҳанги миллӣ дар ҳамкорӣ бо Театри давлатии Академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар толори "Мастерская – 12"-и Никита Михалков пешниҳод гардид.
Аз ҷумла, намоишномаи "Хоҳ биёӣ, хоҳ наё"-и Хурсанд Холиқов дар таҳияи коргардони театр Султон Усмонов ва намоишномаи "Достони Сиёвуш", ки дар асоси достони безаволи Абулқосим Фирдавсӣ таҳия шудааст, дар коргардонии Баҳром Қурбонзода пешкаши тамошобинон гардид.
Форуми Қазон-2026 як платформаи арзишманд барои ҳамкорӣ аст, гуфт ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2026
"Форуми Қазон-2026" як платформаи арзишманд барои ҳамкорӣ аст, гуфт ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода.
Ба гузориши хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар ҳарду намоиш толор комилан пур буд. Тарҷума ба забони русӣ таъмин буд. Дар толор касе бетафовут набуд, ханда ва гиря бо ҳам омехта буд.
Пас аз анҷоми намоиш, тамошобинон шодии худро пинҳон накарда, бо ҳаяҷон таассуроти зиндаи худро бо якдигар мубодила мекарданд.
Барои ҳунармандон бошад, толорҳои пур ва истиқболи ҳаводорон ғайричамдошт буд.
Ба гуфтаи Ортиқи Қодир, ҳунарманди номдори кишвар, дер боз бо чунин истиқбол рӯ ба рӯ нашуда буданд.
"Дар Душанбе чунин истиқболи гармро надида будеам. Аз он, ки намоишномаҳо дар Маскав гузошта шуд ва мо омадем бисёр хурсандем",- гуфт ҳунарманд.
Маврид ба зикр аст, ки чанде пеш театри давлатии драмавии русӣ ба номи Маяковскиии Душанбе дар Барнаул ва Бийскии Русия баромад дошт.
Лентаи хабарҳо
0