Чиҳилупанҷ санад бо арзиши 2,5 млрд доллар: Натиҷаи сафари Раҳмон ба Остона

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезиденты Таджикистана и Казахстана Эмомали Рахмон и Касым-Жомарт Токаев
Президенты Таджикистана и Казахстана Эмомали Рахмон и  Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2026
Обуна шудан
Тоҷикистон ва Қазоқистон харитаи роҳ барои афзоиши гардиши тиҷорат то соли 2030-ро имзо кардаанд, ки ба афзоиши тиҷорат нигаронида шудааст
Душанбе, 8 ноя – Sputnik. Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон бо бастаҳои азими санадҳои ҳамкорӣ пурсамар дониста шуд.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳур дар умум ҷонибҳо аз рӯйи натиҷаи музокирот 20 санад ва форуми соҳибкорони ду кишвар 25 санади нави ҳамкорӣ имзо карданд.
Маблағи умумии созишнома 2, 5 млрд доллари аст, афзуд манбаъ.
Бар асоси созишномаҳо Қазоқистон дар омодасозии кадрҳо барои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кумак мекунад.
Ҷонибҳо дар соҳаи энергетикаи барқ, соҳаҳои истихроҷи маъдан ва металлургия, соҳаи тандурустӣ, ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъмини нафақа, кишоварзӣ, саноат, зеҳни сунъӣ, тиҷорати онлайнӣ созиш ҳосил кардаанд.
Ҳамчунни Тоҷикистон ва Қазоқистон бо имзои санади дигаре харитаи роҳ барои афзоиши гардиши тиҷорат то соли 2030-ро имзо кардаанд.
Заседание правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2026
Тоҷикистон дар рақамикунонии бахши энергетика аз таҷрибаи Қазоқистон кор гирифтанист
Имзои санади аз ҳама муҳим, созишномаи чаҳорчӯбавӣ оид ба ҳамкорӣ дар таъмини маҳсулоти нафтӣ байни Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мебошад.
Тибқи ин ҳуҷҷат, то 1 октябри ҳар сол, ҷонибҳо бо назардошти ниёзҳои бозори Тоҷикистон, ҳаҷми пешбинишудаи таъминотро барои соли тақвимии оянда ба мувофиқа мерасонанд. Пас аз ин созишнома, имзои тавозунҳои индикативии мувофиқ ба нақша гирифта шудааст.
Илова бар ин, созишнома баррасии имконияти сохтмони корхонаҳои нави коркарди нафт ё васеъ кардани иқтидорҳои мавҷуда дар Қазоқистонро бо назардошти ниёзҳои Тоҷикистон пешбинӣ мекунад.
Ин созишнома ба гуногунранг кардани манбаъҳои маҳсулоти нафтии воридотӣ, таъмини таъминоти устувор барои бозори дохилии Тоҷикистон ва тақвияти амнияти энергетикии кишвар нигаронида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0