Даҳҳо миллион: дуздии барқ дар Тоҷикистон афзудааст

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкСнятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото
Снятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2026
Обуна шудан
Омили инсонӣ дар самти қонуншикании истифодаи нерӯи барқ танҳо дар сурати ҷорӣ кардани низоми биллингӣ пурра аз байн меравад, бовар дорад мутахассис
ДУШАНБЕ, 8 ноя-Sputnik. Сар аз аввали сол дар Тоҷикистон 2729 ҳолати қонуншиканӣ дар истифодаи нерӯи барқ ошкор гардидааст.
Зарари расида аз он ба 31,1 млн сомонӣ баробар аст, гуфт Сиёвуш Одиназода, мутахассиси Агентии назорат дар соҳаи барқ дар як суҳбати телевизионӣ.
Ба иттилои манбаъ, нишондиҳанда нисба ба ҳамин давраи соли қаблӣ 22,2 млн сомонӣ ва ё 2,3% қоидавайронкуниҳои ошкоршуда бисёртар шудааст.
Таъкид мешавад, ки қонуншиканиҳо дар натиҷаи 1856 санҷиши техникӣ ошкор шудааст.
Ба гуфтаи Одиназода санҷишҳо низ дар ин давра 8% афзудаас.
Ӯ мегӯяд, ки сабаби асосии ҳолатҳои дуздии барқ, то ҳануз аз паёмадҳои онро дарк накардани шаҳрвандон гувоҳӣ медиҳад.
Ба бовари мутахассис омили инсонӣ дар ин самт дар сурати роҳандозии низоми биллингӣ аз байн хоҳад рафт, ки ҳоло инро дар мисоли Душанбе ва Хуҷанд метавон дид.
Заседание правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2026
Тоҷикистон дар рақамикунонии бахши энергетика аз таҷрибаи Қазоқистон кор гирифтанист
Номбурда гуфт, ки ҳоло дар шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Кӯлоб, ноҳияи Данғара роҳандозии ин низом идома дорад.
"Бо гузашт ба ин самт талафоти тиҷоратӣ аз байн меравад ва танҳо талафоти технологӣ мемонад, ки кор рӯйи он аноҷом мешавад",- бовар дорад Одиназода.
Дар ҳамин ҳол бо фарорасии мавсими сармо, корманди Агентии назорат дар соҳаи тақсимоти барқ ба сокинон тавсия медиҳад, ки дар масъалаи истифода нерӯи барқ эҳтиёткор ва сарфакор бошанд.
Ин ниҳод ба сокинон тавсия дод, ки аз дастгоҳҳои гармидиҳандаи тамзимкунанда истифода баранд, зеро он боис мешавад, ки камтар пули барқ супоранд ва ба дигарон равшании бештар фароҳам кунем
Лентаи хабарҳо
0