https://sputnik.tj/20261108/boshqirdiston-mekhohad-bozorho-tojikiston-roh-yobad-1081924996.html
Бошқирдистон мехоҳад ба бозорҳои Тоҷикистон роҳ ёбад
Бошқирдистон мехоҳад ба бозорҳои Тоҷикистон роҳ ёбад
Sputnik Тоҷикистон
Маҳсулоти маъданӣ, маҳсулоти чӯб, селлюлоза ва коғаз ва маҳсулоти кимиёвӣ дар бозори Тоҷикистон талабот доранд, бовар дорад Боличева
2026-11-08T13:55+0500
2026-11-08T13:55+0500
2026-11-08T13:55+0500
дар тоҷикистон
русия
саноат
тиҷорат
бошқирдистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/04/1062727403_0:85:1620:996_1920x0_80_0_0_b9c8ae84d5bdb258cc7ce854e89617d6.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя - Sputnik. Соҳибкорони хурду миёнаи Ҷумҳурии Бошқирдистон омодаанд молу маҳсулоти худро дар Намоишгоҳ ва ярмаркаи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон 2026" намоиш диҳанд.Дар ин бора Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва фаъолияти конгрессҳои минтақавӣ эълон кард ва таъкид кард, ки ки ин кор дар доираи лоиҳаи миллии "Ҳамкории байналмилалӣ ва содирот" анҷом дода мешавад.Вазири робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва фаъолияти конгрессҳои Бошқирдистон Маргарита Боличева қайд кард, ки Тоҷикистон шарики муҳими стратегӣ барои Бошқирдистон аст ва ҳадафи вазорат кумак ба соҳибкорон барои ишғоли ҷойгоҳ дар ин бозор аст.Ба гуфтаи ӯ, маҳсулоти маъданӣ, маҳсулоти чӯб, селлюлоза ва коғаз ва маҳсулоти кимиёвӣ дар бозори Тоҷикистон талабот доранд.Ба гуфтаи ӯ, дар намоишгоҳ роҳҳои ҳал дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ ва комплекси агросаноатӣ, энергетика ва муҳандисии мошинсозӣ, коркарди металл, тиб ва дорусозӣ, IT ва телекоммуникатсия, сайёҳӣ ва дигар бахшҳо муаррифӣ карда мешаванд.Намоишгоҳ ва ярмаркаи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон 2026" аз 12 то 14 ноябри соли 2026 дар Маркази намоишгоҳии "Душанбе Экспо" дар Душанбе таҳти сарпарастии Вазорати саноат ва тиҷорати Тоҷикистон баргузор мешавад. Намоишгоҳ бахшҳои калидии иқтисодиро фаро мегирад: аз кишоварзӣ, мошинсозӣ ва энергетика то саноати сабук, IT ва сайёҳӣ.
https://sputnik.tj/20260907/korshinos-rushdi-munosibathoi-rusiya-tojikiston-video-1080257632.html
русия
бошқирдистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/04/1062727403_90:0:1530:1080_1920x0_80_0_0_01a6dae49d3c58a59837ea9c500b2be1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, саноат, тиҷорат, бошқирдистон
дар тоҷикистон, русия, саноат, тиҷорат, бошқирдистон
Бошқирдистон мехоҳад ба бозорҳои Тоҷикистон роҳ ёбад
Маҳсулоти маъданӣ, маҳсулоти чӯб, селлюлоза ва коғаз ва маҳсулоти кимиёвӣ дар бозори Тоҷикистон талабот доранд, бовар дорад Боличева
ДУШАНБЕ, 8 ноя - Sputnik. Соҳибкорони хурду миёнаи Ҷумҳурии Бошқирдистон омодаанд молу маҳсулоти худро дар Намоишгоҳ ва ярмаркаи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон 2026" намоиш диҳанд.
Дар ин бора Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва фаъолияти конгрессҳои минтақавӣ эълон кард ва таъкид кард, ки ки ин кор дар доираи лоиҳаи миллии "Ҳамкории байналмилалӣ ва содирот" анҷом дода мешавад.
Вазири робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва фаъолияти конгрессҳои Бошқирдистон Маргарита Боличева қайд кард, ки Тоҷикистон шарики муҳими стратегӣ барои Бошқирдистон аст ва ҳадафи вазорат кумак ба соҳибкорон барои ишғоли ҷойгоҳ дар ин бозор аст.
Ба гуфтаи ӯ, маҳсулоти маъданӣ, маҳсулоти чӯб, селлюлоза ва коғаз ва маҳсулоти кимиёвӣ дар бозори Тоҷикистон талабот доранд.
“Иштирок дар намоишгоҳи дастаҷамъона имкон медиҳад, ки таъминот васеъ ва эътимоди бештар дар бозори минтақавӣ ба даст оварда шава”,- гуфтааст Боличева.
Ба гуфтаи ӯ, дар намоишгоҳ роҳҳои ҳал дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ ва комплекси агросаноатӣ, энергетика ва муҳандисии мошинсозӣ, коркарди металл, тиб ва дорусозӣ, IT ва телекоммуникатсия, сайёҳӣ ва дигар бахшҳо муаррифӣ карда мешаванд.
Намоишгоҳ ва ярмаркаи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон 2026" аз 12 то 14 ноябри соли 2026 дар Маркази намоишгоҳии "Душанбе Экспо" дар Душанбе таҳти сарпарастии Вазорати саноат ва тиҷорати Тоҷикистон баргузор мешавад.
Намоишгоҳ бахшҳои калидии иқтисодиро фаро мегирад: аз кишоварзӣ, мошинсозӣ ва энергетика то саноати сабук, IT ва сайёҳӣ.