Боевая работа системы дистанционного минирования Земледелие группировки войск Центр - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вокуниши шадиди журналист ба фон дер Ляйен барои иқдоми нави зидди Русия

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкСаммит ЕС в Брюсселе
Саммит ЕС в Брюсселе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2026
Обуна шудан
Рӯзноманигор Чей Боуз раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйенро барои ҷудо кардани миллиардҳои нав барои муқовимат бо Русия танқид кард
Душанбе,7 ноя-Sputnik. Дар Иттиҳоди Аврупо аз ҷудо намудани кӯмаки навбатӣ ба Укрина изҳори нигаронӣ меафзояд.
"Шумо барои пешгирӣ аз рӯбарӯ шудан бо воқеияте, ки дар он ноком шудаед, пул медиҳед. Дар ҳар сатҳ", - навиштааст Боуз дар шабакаи иҷтимоии худ.
Ин аст, ки рӯзноманигор ба эълони фон дер Ляйен дар бораи бастаи кӯмаки молии 4,36 миллиард евро барои Украина чунин посух дод.
Брюссел барномаи қарзии 90 млрд евроро барои дастгирии Киев барои солҳои 2026-2027 тасдиқ кард.
Владимир Зеленский выступает на пресс-конференции в Берлине, Германия, 3 ноября 2026 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зеленский иддао дорад, ки ИМА аз Украина 16 млрд доллар қарздор аст
Аз ин маблағ 60 млрд евро барои эҳтиёҷоти дифоъ ва 30 млрд еврои дигар барои дастгирии буҷаи давлатӣ ҷудо карда шудааст.
Маскав борҳо изҳор доштааст, ки маблағгузории минбаъда ва мусаллаҳсозии Киев аз ҷониби Ғарб низоъро тӯл мекашад ва ба ҳалли дипломатии он халал мерасонад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0