Тоқаев ба Раҳмон ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ дод

رحمان در آستانه با #توقایف همکاری‌های دوجانبه را بررسی کرد
رحمان در آستانه با #توقایف همکاری‌های دوجانبه را بررسی کرد - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2026
Обуна шудан
Барои саҳми барҷаста дар таҳким ва рушди пайвастаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон Президент Эмомалӣ Раҳмон бо ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сазовор гардид
Душанбе,7 ноя-Sputnik.Қосим-Ҷомарт Тоқаев раисиҷумҳури Қазоқистон бо роҳбари Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом дод.Дар ин дидор кишвардори Қазоқистон ба ҳамтои тоҷикаш барои саҳми барҷаста дар таҳким ва рушди пайвастаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ ҷоизаи олии давлати Қазоқистон тақдим намуд.
Мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар Қасри президентии Ақорда дар Остона баргузор шуд.
Дар ҷараёни суҳбат аз муҳокимаи роҳҳои рушд ва таҳкими шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни ду кишвар сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ҳамкории ду кишвар дар ҳама самтҳои калидӣ босуръат рушд меёбад.
Қазоқистон яке аз шарикони пешбари тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Зикр гардид, ки дар нӯҳ моҳи аввали соли 2026 тиҷорати миёни ду кишвар 25,6% афзоиш ёфта, ҳаҷми он аз як млрд $ зиёд шудааст.
Қосим-Жомарт Тоқаев гуфт: "Мо Шуморо ҳамчун як арбоби барҷастаи давлатӣ, як пешвои эътирофшудаи умумимилли мардуми тоҷик мешиносем. Ва имрӯз мо комилан ҳақ дорем дар бораи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни ду давлати бародари худ сухан гӯем".
Ҳарду ҷониб густариши ҳамкории сармоягузорӣ ва иштироки фаъоли доираҳои соҳибкории ду кишварро дар ин раванд муҳим медонанд.
Барои рушди минбаъдаи муносибатҳо, аҳамияти густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика, инфрасохтори рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таъкид гардид.
Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар нӯҳ моҳи аввали соли 2026 аз як миллиард доллар зиёд шудааст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2026
Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар нӯҳ моҳи аввали соли 2026 аз як миллиард доллар зиёд шудааст.
Дар соҳаи саноат таъсиси корхонаҳои муштарак, дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва рушди занҷираҳои устувори истеҳсолӣ вазифаи афзалиятнок дониста шуд.
Дар самтҳои амнияти киберӣ, технологияи иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир шуда омӯзиш минбаъд роҳандозӣ мегардад.
Дар соҳаҳои сайёҳӣ, варзиш, сиёсати ҷавонон ва амният низ ҳамкорӣ сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0