Ғизои кӯдаконро санҷиданд:мақомоти Хуҷанд дар макарону гречка микроб ёфтанд

© Sputnik / Стас ЭтвешОформление детского сада, архивное фото
Оформление детского сада, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2026
Обуна шудан
Кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар кӯдакистонҳои вилояти Суғд санҷиш гузарониданд
Душанбе,7 ноя-Sputnik Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, мутахассисон сифати хӯроки кӯдакон, тарзи нигоҳдории маҳсулоти ғизоӣ, тозагии ошхонаҳо ва риояи қоидаҳои беҳдоштиро мавриди санҷиш қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи чанде пеш дар кӯдакистони рақами 35-и шаҳри Хуҷанд 18 кӯдак бо нишонаҳои қайкунӣ ва дарунравӣ ба табибон муроҷиат карда буд.
Эмомали Рахмон ввёл в эксплуатацию детский сад Гунчаи Бахор в Шахристанском районе.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2026
Аз мактаб то кӯдакистон: Эмомалӣ Раҳмон иншооати навро дар Суғд боз кард
Санҷишҳо нишон доданд, ки дар гречка ва макарони барои кӯдакон истифодашуда микробҳо мавҷуд будаанд.

Дар пайи ин ҳодиса нисбати 11 корманди кӯдакистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Ҳоло масъалаи бехатарии ғизои кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ бори дигар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0