https://sputnik.tj/20261106/safar-rasmi-prezident--tojikiston-qazoqiston-1081863294.html
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Қазоқистон рафт
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Қазоқистон рафт
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон дар Рӯзи Конститутсия дар нишасти навбатии "Раванди Ақаба" ширкат хоҳад кард.
2026-11-06T12:08+0500
2026-11-06T12:08+0500
2026-11-06T13:43+0500
эмомали рахмон
қазоқистон
қосим -жомарт тоқаев
ташаббуси президент
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/06/1081865149_207:138:2048:1174_1920x0_80_0_0_0f144b185cd8ce9700ab5b2047bd2ec8.jpg
Душанбе, 6 ноябр - Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон сафари расмӣ намуд.Сарвари давлат Қосимҷомарт Тоқаев меҳмони олиқадрро дар фурудгоҳи пойтахти Қазоқистон истиқбол гирифт.Хадамоти матбуотии Президенти кишвар эълон карда буд, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон аз 5 то 7 ноябр идома хоҳад ёфт ва зикр гардид, ки "роҳбарони ду кишвар масъалаҳои тақвияти минбаъдаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳамкории худро баррасӣ хоҳанд кард"6 ноябр дар Остона нишасти Раванди Ақаба бо иштироки якчанд сарони давлатҳо баргузор мешавад.Ёдовар мешавем, ки “Раванди Ақаба” ташаббуси байналмилалӣ оид ба амният буда, соли 2015 аз ҷониби подшоҳи Урдун Абдуллоҳи 11 ба роҳ монда шудааст.Он асосан ҳамозангсозии ҳамкорӣ байни кишварҳо дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ, инчунин табодули таҷриба равона шудааст.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/62712
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/06/1081865149_228:0:2048:1365_1920x0_80_0_0_20382014614badc2ca3fa395cf5a2c63.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомали рахмон, қазоқистон, қосим -жомарт тоқаев, ташаббуси президент
эмомали рахмон, қазоқистон, қосим -жомарт тоқаев, ташаббуси президент
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Қазоқистон рафт
12:08 06.11.2026 (Навсозишуда: 13:43 06.11.2026) Президенти Тоҷикистон дар Рӯзи Конститутсия дар нишасти навбатии "Раванди Ақаба" ширкат хоҳад кард.
Душанбе, 6 ноябр - Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон сафари расмӣ намуд.
Сарвари давлат Қосимҷомарт Тоқаев меҳмони олиқадрро дар фурудгоҳи пойтахти Қазоқистон истиқбол гирифт.
Хадамоти матбуотии Президенти кишвар эълон карда буд, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон аз 5 то 7 ноябр идома хоҳад ёфт ва зикр гардид, ки "роҳбарони ду кишвар масъалаҳои тақвияти минбаъдаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳамкории худро баррасӣ хоҳанд кард"
6 ноябр дар Остона нишасти Раванди Ақаба бо иштироки якчанд сарони давлатҳо баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки “Раванди Ақаба” ташаббуси байналмилалӣ оид ба амният буда, соли 2015 аз ҷониби подшоҳи Урдун Абдуллоҳи 11 ба роҳ монда шудааст.
Он асосан ҳамозангсозии ҳамкорӣ байни кишварҳо дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ, инчунин табодули таҷриба равона шудааст.