Президент Раҳмон: подшоҳи Урдунро ба Тоҷикистон даъват кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча Эмомали Рахмона с королем Иордании Абдуллой II ибн аль-Хусейном.
Встреча Эмомали Рахмона с королем Иордании Абдуллой II ибн аль-Хусейном.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2026
Обуна шудан
Сафари президенти Тоҷикистон дар Қазоқистон идома дошта ӯ бо подшоҳи Урдун мулоқот доир намуд
Душанбе,6 ноя- Sputnik Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти “Раванди Ақаба” таҳти унвони "Амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ" дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бо подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.
Президент гуфт:“Мо кишвари Шуморо аз шарикони муҳими худ дар минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони ислом медонем”.
Масоили вобаста ба таҳкими робитаҳои сиёсӣ, густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ байни ду кишвар баррасӣ гардид.
Аҳамияти тақвияти заминаи қарордодию ҳуқуқӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ ва фаъол намудани абзорҳои дуҷониба, чун машваратҳои сиёсӣ ва комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, таъкид шуд
Ҳамчунин доир ба ташаббуси Урдун ҷиҳати роҳандозии “Раванди Ақаба” ва ҳамдастии ду кишвар дар роҳи татбиқи босамару бехатар аз зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосири рақамӣ мубодилаи андеша сурат гирифт.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Масъуд Пизишкиён раисҷумҳури Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2026
Раҳмон бо Пизишкиён авзоъ дар Ховари Миёнаву Эронро баррасӣ кард
Дар рафти мулоқот доир ба авзои кунунӣ дар Ховари Миёна ва роҳҳои ҳалли сиёсию дипломатии низоъҳо дар ин минтақаи ҳассос машварат доир гардид.
Дар ҷараёни суҳбат Эмомали Раҳмон Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон дар вақти барояш муносиб таклиф кард.
Лентаи хабарҳо
0