Президенти Тоҷикистон бо 32 солагии Рӯзи Конститутсия табрик кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2026
Обуна шудан
Конститутсияи Тоҷикистон ҳуччати муҳим дар таҳкими давлатдории миллист, омадааст дар паёми табрикотии Президент
Душанбе,6 окт.-Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар паёми табрикотии худ таъкид кард, ки Конститутсияи Тоҷикистон мустақиман аз ҷониби мардуми кишвар қабул шудааст.
Ӯ гуфт: “ Конситутсия ҳуҷҷати муҳим дар раванди таъсис ва таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҳамгироӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аст”
"Бо эҳсоси ифтихор ва миннатдории амиқ, ҳамаи ҳамватанони азиз ва мӯҳтарамро бо 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони озод ва мустақил самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як оилаи кишвари мо саломатӣ, хушбахтӣ, сулҳу оромӣ ва шукуфоӣ орзумандам", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон
Герб и флаг Таджикистана в Джабборском Расуловском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2026
Конститутсияи Тоҷикистон: нахустин ва мустақил
Ба гуфтаи Сарвари давлат, Конститутсия асосҳои ҳуқуқии давлати муосири тоҷикон, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва рушди устувори ҷомеаро муайян мекунад.
Лентаи хабарҳо
0