Оилаи афсари шаҳид Бегматов соҳиби хонаи истиқоматӣ гардид

© Foto / Хадамоти матбуотии мақомоти ХатлонДавлаталӣ Саид - раиси вилояти Хатлон
Давлаталӣ Саид - раиси вилояти Хатлон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2026
Обуна шудан
Поси хотири афсари шаҳид дар ноҳияи Панҷ дар Рӯзи Конститутсия сурат гирифт
Душанбе,6 ноя-Sputnik.Афсари Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ҳангоми иҷрои вазифаи ҳарбӣ дар ҳифзи сарҳади давлатӣ бар асари ҳамлаи сарҳадшиканон ба ҳалокат расида буд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Панҷ ба оилаи афсари ҳалокшудаи Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ калиди хонаи истиқоматиро тақдим намуд.
Калиди хона ба модар ва ҳамсари марҳум Бегматов супорида шуд.
Бо мақсади дастгирии иҷтимоии оилаи марҳум ва фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ аз ҷониби мақомоти ноҳия барои бунёди манзили истиқоматӣ 205 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар натиҷа хонаи наву замонавӣ бунёд карда шуд.
Темурмалик Бегматов моҳи январи соли 2026 ҳангоми задухӯрд бо гуруҳи мусаллаҳи қочоқбар ба ҳалокат расида буд.
Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон нерӯгоҳи азими офтобӣ бунёд мешавад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2026
Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон нерӯгоҳи азими офтобӣ бунёд мешавад.
Раиси вилоят изҳор дошт: "хизмату ҷоннисории фарзандони далери Ватан ҳамеша қадр карда шуда, хотираи неки онҳо дар қалби мардум абадӣ боқӣ хоҳад монд".
Давлаталӣ Саид аз дастгирии оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, бахусус наздикони онҳое, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ҷоннисорӣ намудаанд, ёдовар шуд.
Лентаи хабарҳо
0