Ҳисор:наврасон соҳиби бинои нави мактаби мусиқӣ гаштанд

© Foto / Пресс-служба мэра ГиссараОткрытие нового здания Детской художественной школы имени Саида Хамроева в Гиссаре.
Открытие нового здания Детской художественной школы имени Саида Хамроева в Гиссаре.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2026
Обуна шудан
Дар Рӯзи Конститутсия наврасони шаҳри Ҳисор туҳфаи идона гирифтанд. Раиси шаҳри Ҳисор бинои мактаби мусиқиро тақдим намуд
Душанбе,6 ноя-Sputnik. Ифтитоҳи бинои нави мактаби бачагонаи санъат ба номи Саид Ҳамроев дар шаҳри Ҳисор руйдоди идона гашт.
Кушода шудани мактаби мазкур заминаи моддию техникии муассисаро, ки қаблан дар шакли пароканда фаъолият дошт, беҳтар намуд.
Дар бинои нав на танҳо мактаби мусиқӣ, балки Маркази санъат ва эҷоди кӯдакон ва мактаби рассомӣ низ ҷойгир карда шудаст.
Кӯдакону наврасон дар як макон ба намудҳои гуногуни ҳунармандӣ имкони машғулшавӣ доранд.
Мактаби санъати шаҳри Хоруғ навсозӣ мешавад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2026
Мактаби санъати шаҳри Хоруғ навсозӣ мешавад.
Санъаткорони наврас навохтани созҳои халқию касбӣ, санъати тасвирӣ, овозхонӣ ва ҳунарҳои драмавию хореографиро зери назари устодон сайқал медиҳанд.
Ёдовар мешавем, шуруъ аз соли 2019 шогирдони ин муассиса дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” иштирок карда ғолиби ҷойҳои аввал ва ифтихорӣ гардида буданд.
Лентаи хабарҳо
0