Тоҷикистон Ветнамро ба сармоягузорӣ дар иқтисод даъват кард

Вид Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2026
Обуна шудан
Тоҷикистону Ветгнам татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати нассоҷӣ, логистика ва технологияҳои рақамиро баррасӣ карданд
Душанбе,5 окт- Sputnik Байни ҳайати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон намояндагони мақомоти давлатии Ветнам мулоқоти корӣ баргузор шуд.
© Foto / Пресс-служба Государственного комитета по инвестициям и управлению гос. имуществом РТРабочая встреча Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан с представителями государственных органов Социалистической Республики Вьетнам.
Рабочая встреча Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан с представителями государственных органов Социалистической Республики Вьетнам. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2026
Ҳадафи ин мулоқот таҳкими муколамаи иқтисодии дуҷониба аст.
Тоҷикистон мехоҳад, ки миёни ду кишвар муносибатҳои дӯстона ба лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ табдил ёбад.
Тарафҳо таъкид намуданд, ки Ветнам ҳамчун яке аз иқтисодиёти босуръат рушдёбандаи Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) мавқеъ дорад.
Тоҷикистон бошад ҳамчун дарвозаи бозорҳои Осиёи Марказӣ имкониятҳои назарраси ҳанӯз истифоданашуда дорад.
Вторая очередь транспортно-логистического центра Сибирский.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2026
Гардиши мол байни ИИАО ва Ветнам дар тӯли 10 соли охир қариб ду баробар афзуд
Ҷонибҳо таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати нассоҷӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, логистика ва технологияҳои рақамӣ зоҳир намуданд.
Минбаъд ин робитаҳо миёни мақомоти дахлдор тақвият бахшида, мубодилаи мунтазами иттилоотӣ ба роҳ монда мешавад.
Ҳамчунин форумҳои соҳибкорӣ, муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва мулоқотҳои мустақими соҳибкорон дар шакли B2B ба рушди ҳамкориҳои бевоситаи ширкатҳои ду кишвар дар оянда ба нақша гирифта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0