https://sputnik.tj/20261105/mizon-dastrasi-aholi-tojikiston-ob-oshomidan-tasvirbayon-1081811030.html
Мизони дастрасии аҳолии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ: тасвирбаён
Мизони дастрасии аҳолии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ: тасвирбаён
Sputnik Тоҷикистон
Бар асоси оморҳо беш аз 7 млн нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст ва ҷумҳурӣ нақша дорад, ки то соли 2040 ба 980% расонад
2026-11-05T11:35+0500
2026-11-05T11:35+0500
2026-11-05T11:35+0500
об
дар тоҷикистон
аҳолӣ
иҷтимоъ
тасвирбаён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/05/1066458073_0:0:1332:749_1920x0_80_0_0_17fdf3393ea8afabf947a123289e3549.jpg
Тоҷикистон кишвар дорои бузурги захоири оби тоза, аммо каме беш аз 67%-и аҳолияш бо оби ошомидании мутамарказ дастрасӣ доранд. Дар шабакаҳои обрасонӣ, умдатан ба далели фарсудагии инфрасохтор талафоти об то ба 60% мерасад. Мақомоти Тоҷикистон ният доранд, сатҳи талафотро то ба 20% расонанд.Соли 2025 аз шумораи 10 миллиону 200 ҳазор аҳолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 67,3 фоиз ё ин ки 7,6 млн нафар бо оби тозаи нӯшокии мутамарказонида таъмин гардид.Ба иттилои Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон он дар маркази шаҳру ноҳияҳо 90,7 фоиз ва дар деҳот 57,8 фоизро дар бар мегирад”, - қайд кард мақомдори тоҷик, ки бештар адар ин бора дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бубинед.Дар ҳамин ҳол масъулони ин ниҳоди давлатӣ қайд карданд, ки дастрасии аҳолӣ ба об ҳамасола 2-3 дарсад меафзод.Ахиран Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таъкид кард, ки Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2030 татбиқи пурраи мудирияти ҳамоҳангшудаи захираҳои обро дар сатҳи миллӣ ва ҳавзавӣ таъмин намояд.Вай гуфт Тоҷикистон, низоми муосири илман асоснок, устувор ва самаранокро таъсис медиҳад.“Ҳамзамон бо ин, мо талош дорем, ки то соли 2040 дастрасӣ ба оби мутамарказро ҳадди ақал барои 90 фоизи аҳолӣ таъмин намоем”, - гуфт ӯ.Раисҷумҳур дар суханрониаш таъкид кард, ки кишвар тасмим гирифтааст, ки ба ин васила дастрасии ҳар як шаҳрвандро ба оби тозаи ошомиданӣ кафолат диҳад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/05/1066458073_195:0:1194:749_1920x0_80_0_0_fa93e61bd03ed1f137c7b041ac146b17.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
об, дар тоҷикистон, аҳолӣ, иҷтимоъ, тасвирбаён
об, дар тоҷикистон, аҳолӣ, иҷтимоъ, тасвирбаён
Мизони дастрасии аҳолии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ: тасвирбаён
Бар асоси оморҳо беш аз 7 млн нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст ва ҷумҳурӣ нақша дорад, ки то соли 2040 ба 980% расонад
Тоҷикистон кишвар дорои бузурги захоири оби тоза, аммо каме беш аз 67%-и аҳолияш бо оби ошомидании мутамарказ дастрасӣ доранд.
Дар шабакаҳои обрасонӣ, умдатан ба далели фарсудагии инфрасохтор талафоти об то ба 60% мерасад.
Мақомоти Тоҷикистон ният доранд, сатҳи талафотро то ба 20% расонанд.
Соли 2025 аз шумораи 10 миллиону 200 ҳазор аҳолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 67,3 фоиз ё ин ки 7,6 млн нафар бо оби тозаи нӯшокии мутамарказонида таъмин гардид.
Ба иттилои Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон он дар маркази шаҳру ноҳияҳо 90,7 фоиз ва дар деҳот 57,8 фоизро дар бар мегирад”, - қайд кард мақомдори тоҷик, ки бештар адар ин бора дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бубинед.
Дар ҳамин ҳол масъулони ин ниҳоди давлатӣ қайд карданд, ки дастрасии аҳолӣ ба об ҳамасола 2-3 дарсад меафзод.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таъкид кард, ки Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2030 татбиқи пурраи мудирияти ҳамоҳангшудаи захираҳои обро дар сатҳи миллӣ ва ҳавзавӣ таъмин намояд.
Вай гуфт Тоҷикистон, низоми муосири илман асоснок, устувор ва самаранокро таъсис медиҳад.
“Ҳамзамон бо ин, мо талош дорем, ки то соли 2040 дастрасӣ ба оби мутамарказро ҳадди ақал барои 90 фоизи аҳолӣ таъмин намоем”, - гуфт ӯ.
Раисҷумҳур дар суханрониаш таъкид кард, ки кишвар тасмим гирифтааст, ки ба ин васила дастрасии ҳар як шаҳрвандро ба оби тозаи ошомиданӣ кафолат диҳад.