ИИАО ва Покистон дар ояндаи наздик созишнома дар бораи тиҷорати озод ба имзо мерасонанд.

© AP / K.M. ChaudaryПакистанские флаги на улицах в Лахоре, 12 августа 2026 года.
Пакистанские флаги на улицах в Лахоре, 12 августа 2026 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2026
Обуна шудан
Созишномаи мазкур метавонад дар бозори Покистон барои як қатор маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва маҳсулоти кимиёвӣ бартариятҳои устувори рақобатпазирро фароҳам оварад
ДУШАНБЕ, 5 ноя – Sputnik. Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Покистон бастани созишнома дар бораи тиҷорати озодро баррасӣ доранд.
Муовини аввали сарвазири Қирғизистон Дониёр Амангелдиев дар ҷаласаи Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИАО) дар Маскав ширкат варзид, ки дар он 41 масъалаи марбут ба тиҷорат, саноат, энергетика, танзими техникӣ ва дигар соҳаҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуданд.
Иштирокчиёни ҷаласа натиҷаҳои таҳқиқотро дар бораи имкони бастани созишномаи тиҷорати озод байни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Покистон тасдиқ карданд.
"Бастани чунин созишнома метавонад бартариятҳои устувори рақобатпазирро дар бозори Покистон барои як қатор маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин маҳсулоти саноати металлургӣ, ангишт, селлюлоза ва коғаз ва кимиё фароҳам оварад. Инчунин, он ба гуногунрангии ҷараёнҳои тиҷорат ва густариши содироти меваҳои тару тоза, сабзавот, хӯрокҳои тайёр ва баъзе категорияҳои молҳои саноатии Покистон мусоидат хоҳад кард", - қайд кард дафтари матбуоти КИАО.
Дар ҷаласа инчунин лоиҳаи ҳуҷҷат дар бораи самтҳои асосии фаъолияти байналмилалии ИИАО барои соли 2027 тасдиқ карда шуд.
Железнодорожная сортировочная станция в Калининграде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2026
Русия содироти баъзе маҳсулоти нафтӣ-кимиёиро берун аз ИИАО манъ кард
Ҳамзамон дар ин ҷаласа лоиҳаи тартиби баррасии ташаббусҳо ва лоиҳаҳои рақамӣ дар доираи ИИАО, аз ҷумла дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ мувофиқа карда шуд ва қоидаҳои махсус барои муайян кардани пайдоиши молҳои содиршуда аз ИИАО ва татбиқи баъзе чораҳои танзимкунанда тасдиқ карда шуданд.
Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мебошад, ки тибқи Шартнома дар бораи ИИАО таъсис ёфтааст.
Иттиҳод ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, мувофиқашуда ё муттаҳидшударо дар бахшҳои иқтисодӣ таъмин мекунад.
Аъзоёни ИИАО Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Аз соли 2015 инҷониб, Тоҷикистон имкони пайвастан ба Иттиҳодро баррасӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0