https://sputnik.tj/20261105/idizoda-sahmguzor-vakilon-sath-zindagi-1081841556.html
Идизода ба вакилон: Дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳмгузор бошед
Идизода ба вакилон: Дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳмгузор бошед
Sputnik Тоҷикистон
Раиси парлумон дар ҳамоиши идона аз вакилон хост, ки дар таҳкими волоияти қонун ва рушди устувори кишвар саҳми бештар гузоранд
2026-11-05T16:36+0500
2026-11-05T16:36+0500
2026-11-05T16:36+0500
душанбе
маҷлиси намояндагон
таҷлили иди конститутсия
ҳамоиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/13/1066635048_177:0:2048:1053_1920x0_80_0_0_463b3747ffffc8c491d5da90f7b7c8c9.jpg
Душанбе,5 окт- Sputnik Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиши идона таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Дар ин хусус аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки Конститутсияи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.Идизода таъкид кард, ки Рӯзи Конститутсия дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи муҳим ва сарнавиштсоз ба шумор меравад.Вай афзуд, ки Конститутсия заминаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии рушди давлати соҳибистиқлоли моро муайян намуда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин принсипҳои ташкили ҳокимияти давлатиро муқаррар кардааст.Раиси парлумони Тоҷикистон зикр кард, ки кишвар соли 1994 дар ҳолати буҳрони бисёр шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дошт.“Яке аз арзишҳои муҳимми Конститутсия эътироф ва кафолат додани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Ҳифзи шаъну шарафи инсон, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун, ҳуқуқ ба таҳсил, меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимме мебошанд, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар ҷойгоҳи хос доранд”-қайд гардид дар ҳамоиш.Дар ин раванд парлумони кишвар ҳамчун мақоми қонунгузор дар таҳия ва қабули қонунҳое, ки ба такмили низоми ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат мусоидат мекунанд, нақши муҳим дорад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/61909
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/13/1066635048_229:0:2048:1364_1920x0_80_0_0_8450cb21e26ceafdebd65e3e92ea5242.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, маҷлиси намояндагон, таҷлили иди конститутсия, ҳамоиш
душанбе, маҷлиси намояндагон, таҷлили иди конститутсия, ҳамоиш
Идизода ба вакилон: Дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳмгузор бошед
Раиси парлумон дар ҳамоиши идона аз вакилон хост, ки дар таҳкими волоияти қонун ва рушди устувори кишвар саҳми бештар гузоранд
Душанбе,5 окт- Sputnik Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиши идона таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.
Дар ин хусус аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки Конститутсияи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
"Вазифаи мо, вакилон аз он иборат аст, ки зимни фаъолияти қонунгузорӣ манфиатҳои давлату миллат ва ниёзҳои воқеии шаҳрвандонро ба назар гирифта, дар таҳкими волоияти қонун, рушди устувори кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳм гузорем", -изҳор дошт Раиси Маҷлиси намояндагон
Идизода таъкид кард, ки Рӯзи Конститутсия дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи муҳим ва сарнавиштсоз ба шумор меравад.
Вай афзуд, ки Конститутсия заминаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии рушди давлати соҳибистиқлоли моро муайян намуда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин принсипҳои ташкили ҳокимияти давлатиро муқаррар кардааст.
Раиси парлумони Тоҷикистон зикр кард, ки кишвар соли 1994 дар ҳолати буҳрони бисёр шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дошт.
“Яке аз арзишҳои муҳимми Конститутсия эътироф ва кафолат додани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Ҳифзи шаъну шарафи инсон, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун, ҳуқуқ ба таҳсил, меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимме мебошанд, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар ҷойгоҳи хос доранд”-қайд гардид дар ҳамоиш.
Дар ин раванд парлумони кишвар ҳамчун мақоми қонунгузор дар таҳия ва қабули қонунҳое, ки ба такмили низоми ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат мусоидат мекунанд, нақши муҳим дорад.