Муҳоҷирони тоҷик дар Русия нисбат ба ватани худ се маротиба бештар даромад мегиранд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкКурьер службы доставки
Курьер службы доставки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2026
Обуна шудан
Муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия ба коҳиши бекорӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад ва даромадро дастгирӣ мекунад, мегӯянд коршиносон
ДУШАНБЕ, 4 ноя – Sputnik. Муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар Русия нисбат ба ватани худ се маротиба бештар даромад мегиранд. Чунин маълумотро Бонки Ҷаҳонӣ ироа кардааст
Ин ниҳоди молиявӣ қайд мекунад, ки ин тамоюл ҳатто дар бахшҳое, ки танҳо қувваи кории камтахассусро талаб мекунанд, мушоҳида мешавад.
Тибқи омори Бонки Ҷаҳонӣ, интиқоли пул аз хориҷа дар соли 2025 ба тақрибан 46% ММД-и Тоҷикистон баробар буд.
Покупка в интернете с помощью карты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2026
Муҳоҷир дар Русия барои хариди онлайнӣ 1,2 млрд рубл сарф кардаанд
Дар ҳамин ҳол, музди миёнаи меҳнат дар кишвар ба 3508 сомонӣ ё тақрибан 31 000 рубл расид.
Фонди Авруосиё оид ба устуворсозӣ ва рушд, аз ҷониби худ, қайд мекунад, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ба коҳиши бекорӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад ва даромадҳоро дастгирӣ мекунаду талаботи дохилиро ҳавасманд мегардонад.
Дар ҳамин ҳол, Русия макони асосии на танҳо барои муҳоҷирони Тоҷикистон, балки барои шаҳрвандони Узбекистон ва Қирғизистон низ боқӣ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0