Маросими гулгузорӣ назди муҷассамаи Минин ва Пожарский дар Рӯзи Ваҳдати Русия - видео

Обуна шудан
Русия Рӯзи Ваҳдати Миллиро 4 ноябр бошаҳомати хоса ҷашн мегирад
Президенти Русия Владимир Путин дар баробари намояндагони ҳукумат, парлумон, мазҳабҳои динӣ ва шахсиятҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар маросими гулгузорӣ дар назди муҷассамаи Минин ва Пожарский дар Майдони Сурхи Маскав иштирок мекунанд.
Рӯзи Ваҳдати Миллӣ як ҷашни умумимиллӣ аст, ки ҳамасола дар Русия 4 ноябр ҷашн гирифта мешавад.
Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1612 дружиначиён бо сардории Кузма Минин ва княз Дмитрий Пожарский Маскавро аз истилогарони лаҳистонӣ озод карданд.
Москалкова: бадхоҳон наметавонанд мардуми Русияро ҷудо кунанд
Дар ин рӯз калисои православии Русия хотираи Икони Модари Худои Қазонро гиромӣ медорад ва ба ӯ барои кумакаш дар раҳоӣ аз ишғолгарон изҳори сипос мекунад.
Соли 1613 подшоҳ Михаил Федорович 4 ноябрро ҳамчун Рузи поксозии Маскав аз истилогарони лаҳистонӣ муқаррар кард ва соли 1649 бо фармони подшоҳ Алексей Михайлович ин рӯз ба иди калисо ва давлатӣ табдил ёфт.
Дар таърихи Русияи муосир Рӯзи Ваҳдати мардумӣ соли 2004 таъсис ёфта, бори аввал дар соли 2005 таҷлил гардид.
Лентаи хабарҳо
0