https://sputnik.tj/20261102/taghiyrot-kadr-hizb-kommunist-1081739240.html
Баъди даргузашти Абдуллоев: Коммунистони Тоҷикистон раҳбари муваққаташонро интихоб карданд
Баъди даргузашти Абдуллоев: Коммунистони Тоҷикистон раҳбари муваққаташонро интихоб карданд
Sputnik Тоҷикистон
Пленуми навбатии ҳизб Заррагул Мирасановаро иҷрокунандаи раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб кард. Мирасанова кист?
2026-11-02T14:43+0500
2026-11-02T14:43+0500
2026-11-02T14:43+0500
ҳизб
коммунист
дар тоҷикистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/02/1081738807_0:342:694:732_1920x0_80_0_0_599138692e8b6f8df98050596e85f929.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Заррагул Мирасанова иҷрокунандаи вазифаи раҳбари Ҳизби коммунистии Тоҷикистон шуд.Инро худи Мирасанова дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард.Ӯ гуфт, ки ба ин мақом дар ҷаласаи навбатии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон қарор қабул шуд.Пас аз даргузашти Мироҷ Абдуллоев, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар 7-уми апрел, ки 9 сол инҷониб Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард, ин мақом холӣ буд.Хонум Мирасанова мегӯяд, ҳадафи асоии ӯ дар мақоми иҷрокунанда дар ду соли оянда услуби кори худи ташкилотҳои ҳизбиро аз поён то ба боло ҷавобгуйи замон кардан аст.Ӯ мегӯяд дар кадом ҳизбе, ки фаъолият накард, ҳадаф як - хидмати ба Ватан ва щимояи он аст.Ба гуфтаи ӯ дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои марбут ба вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар ва вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ дар шароити муосир, омодагӣ ба Анҷумани XXXVIII ҳисоботию интихоботии ҲКТ, ворид намудани тағйиру иловаҳои алоҳида ба Оинномаи ҳизб ва дигар масъалаҳои фаъолияти ҷории он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Хонум Мирасанова 71 сол дошта, дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд шудааст ва то ин замон котиби кумитаи марказии ҳизб, муовини раиси ҳизб буд.Хатмкардаи факултаи физикаи донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз соли 1987 дар ҳизб фаъолият дорад. Мактаби олии ҳизбиро дар Тошканд хатм намудааст. Ба ҳайси котиби якуми комсомоли ноҳияи Рӯшон, шаҳри Истаравшан ва Душанбе фаъолият намудааст.Ду маротиба аз руйхати ҳизбӣ (соли 2015 ва 2020) барои маҷлиси намояндагон номзад буд, вале ноком гашт.Анҷумани ҳизб соли 2027 баргузор мешавад, ки тариқи овоздиҳӣ раҳмабри нави он интихоб хоҳад шуд.Дар Тоҷикистон шаш ҳизби сиёсӣ фаъолият дорад ва намояндаи панҷ ҳизб дар маҷлиси намояндагон интихоб шудаанд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/62553
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/02/1081738807_7:300:697:818_1920x0_80_0_0_9abdd2b5ff00c311053c75a3520f76e2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳизб, коммунист, дар тоҷикистон, сиёсат
ҳизб, коммунист, дар тоҷикистон, сиёсат
Баъди даргузашти Абдуллоев: Коммунистони Тоҷикистон раҳбари муваққаташонро интихоб карданд
Эксклюзив
Дар Ҳизби коммунистии Тоҷикистон шуд пас аз ҳафт моҳи даргузашти раҳбараш, иҷрокунандаи вазифаи ӯро муаян карданд
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Заррагул Мирасанова иҷрокунандаи вазифаи раҳбари Ҳизби коммунистии Тоҷикистон шуд.
Инро худи Мирасанова дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард.
Ӯ гуфт, ки ба ин мақом дар ҷаласаи навбатии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон қарор қабул шуд.
Пас аз даргузашти Мироҷ Абдуллоев, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар 7-уми апрел, ки 9 сол инҷониб Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард, ин мақом холӣ буд.
Хонум Мирасанова мегӯяд, ҳадафи асоии ӯ дар мақоми иҷрокунанда дар ду соли оянда услуби кори худи ташкилотҳои ҳизбиро аз поён то ба боло ҷавобгуйи замон кардан аст.
"Ҳамчунин ҳадафи дигар ҷалби ҳарчӣ бештар ҷавонон ба сафи ҳизб аст ва ҳамчунин ҳамкории наздиктар бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҳизбҳои сиесист",- гуфт Мирасанова.
Ӯ мегӯяд дар кадом ҳизбе, ки фаъолият накард, ҳадаф як - хидмати ба Ватан ва щимояи он аст.
Ба гуфтаи ӯ дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои марбут ба вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар ва вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ дар шароити муосир, омодагӣ ба Анҷумани XXXVIII ҳисоботию интихоботии ҲКТ, ворид намудани тағйиру иловаҳои алоҳида ба Оинномаи ҳизб ва дигар масъалаҳои фаъолияти ҷории он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Хонум Мирасанова 71 сол дошта, дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд шудааст ва то ин замон котиби кумитаи марказии ҳизб, муовини раиси ҳизб буд.
Хатмкардаи факултаи физикаи донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз соли 1987 дар ҳизб фаъолият дорад. Мактаби олии ҳизбиро дар Тошканд хатм намудааст. Ба ҳайси котиби якуми комсомоли ноҳияи Рӯшон, шаҳри Истаравшан ва Душанбе фаъолият намудааст.
Ду маротиба аз руйхати ҳизбӣ (соли 2015 ва 2020) барои маҷлиси намояндагон номзад буд, вале ноком гашт.
Анҷумани ҳизб соли 2027 баргузор мешавад, ки тариқи овоздиҳӣ раҳмабри нави он интихоб хоҳад шуд.
Дар Тоҷикистон шаш ҳизби сиёсӣ фаъолият дорад ва намояндаи панҷ ҳизб дар маҷлиси намояндагон интихоб шудаанд.