Қарзҳои ипотекӣ дар Тоҷикистон афзудааст

© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиНовостройки Душанбе.
Новостройки Душанбе.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2026
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон сар аз аввали сол ипотека бо сомонӣ дар Тоҷикистон гаронтар шуда, аммо бо асъори хориҷӣ дар арзон гардидааст
ДУШАНБЕ, 2 ноя— Sputnik. Бонкҳои Тоҷикистон барои хариди манзил ба сокинон қарзи бештар додаанд.
То аввали октябри соли равон сокинони кишвар дар умум 412,7 млн сомонӣ қарзҳои ипотекӣ гирифтаанд.
Ин нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 33,3% ва ё 103,2 млн сомонӣ бештар аст, хабар дод Оҷонсии омори кишвар.
Мувофиқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда қариб 23,6 млрд сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,5% зиёд мебошад.
Дар сохтори умумии қарзҳои додашуда, қарҳои ипотекӣ 1,7%-ро ташкил медиҳанд.
Экономический рост. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2026
Ҳаҷми қарздиҳӣ ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 140 миллиард сомониро ташкил дод
Бар асоси омор, ипотека бо сомонӣ дар Тоҷикистон гаронтар шудааст.
Фоизи миёнаи қарзҳои ипотекии додашуда дар ҳаштмоҳаи аввали соли равон бо пули миллӣ 20,1%-ро ташкил додааст, иттилоъ дод Агентии омори Тоҷикистон.
Ин нишондиҳанда дар январ - августи соли гузашта 19,9%-ро ташкил додааст, афзуд манбаъ.
Дар ҳамин ҳол бо асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон арзон шудааст.
Фоизи қарзҳои ипотекии додашуда бо асъори хориҷӣ дар январ - августи соли равон 10,8%-ро ташкил додааст, иттилоъ дод Агентии омор.
Ин нишондиҳанда дар ҳаштмоҳаи аввали солил гузашта 12,3% буд, афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки мехоҳанд мӯҳлати пардохти қарзҳои ипотекиро дар Тоҷикистон то 15-20 сол зиёд кунанд.
Ӯ таъкид кард, ки афзоиши талабот ба манзил ва рушди сохтмон шумораи қарзҳои мақсаднокро дар кишвар афзоиш медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0