https://sputnik.tj/20261101/tojikiston-eron-iqtidor-tijorat-iqtisod-amali-1081707232.html
Тоҷикистон ва Эрон иқтидори тиҷоративу иқтисодиро бояд босуръат рушд диҳанд
Тоҷикистон ва Эрон иқтидори тиҷоративу иқтисодиро бояд босуръат рушд диҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибҳо ба густариши гардиши мол, оғози истеҳсолоти муштарак ва рушди ҳамкории нақлиётӣ-логистикӣ нигаронида шудаанд
2026-11-01T12:15+0500
2026-11-01T12:15+0500
2026-11-01T12:15+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
иқтисод
рушд
sputnik тоҷикистон
гардиши коло
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/09/1060398959_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_86634c805f76b9135783c3b2a1f30179.jpg
ДУШАНБЕ, 1 ноя - Sputnik. Ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Эрон дар ояндаи наздик бо суръати тез рушд хоҳад кард.Чунин ақидаро директори Маркази тадқиқоти иқтисоди иҷтимоӣ Алексей Зубетс дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.Вай қайд кард, ки ду кишвар барои ҳамкории судманд якчанд асос доранд. Дар баробари ин, ӯ қайд кард, ки дар айни замон ҷараёни тиҷорат байни ҷумҳуриҳо хеле кам аст ва камтар аз 200 млн долларро ташкил медиҳад. Ба ақидаи коршинос, ин кофӣ нест, бинобар ин зарур аст, ки потенсиали дар ин самт мавҷудбударо амалӣ намуд.Зубетс афзуд, ки рушди коммуникатсияҳои алтернативии тиҷоратию иқтисодӣ ва логистикӣ метавонад ба иқтисоди Эрон, ки ҳоло таҳти фишори таҳрим қарор дорад, таъсири мусбат расонад."Аз ин рӯ, Эрон ба ин гуна тамосҳо манфиатдор аст ва албатта ин имкониятҳои иловагии рушди Тоҷикистон аст", - гуфт коршинос.Вай афзуд, ки вазъи кунунии геополитикӣ дар Ховари Миёна ва инчунин амалҳои мушаххас, ба монанди ИМА, ки кори бандарҳоро манъ мекунанд, ба ҳамкории кишварҳои минтақа ислоҳот ворид мекунанд.Зубетс таъкид кард, ки дар ин шароит Тоҷикистон метавонад ба як маркази транзитӣ дар раванди тиҷоративу иқтисодӣ табдил ёбад, ки дар он якчанд давлат иштирок мекунанд.Ба гуфтаи коршинос, бунёди чунин долонҳои нақлиетӣ яке аз роҳҳои вусъат додани рушди иқтисоди Тоҷикистон мебошад.Қаблан хабар дода шуд, ки Тоҷикистон ва Эрон нақша доранд, ки дар ояндаи наздик ҳаҷми савдои молро аввал то 500 млн доллар ва сипас то як млрд афзоиш диҳанд.Дар айни замон Эрон миёни панҷгонаи шарикони бузурги тиҷоратии Тоҷикистон қарор дорад.
https://sputnik.tj/20260925/avvalin-qatorahoi-naft-eron-voridi-tojikiston-1080698137.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/09/1060398959_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_04b1751c93f296641d3a0530e37612f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, иқтисод, рушд, sputnik тоҷикистон, гардиши коло
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, иқтисод, рушд, sputnik тоҷикистон, гардиши коло
Тоҷикистон ва Эрон иқтидори тиҷоративу иқтисодиро бояд босуръат рушд диҳанд
Эксклюзив
Ҷонибҳо ба густариши гардиши мол, оғози истеҳсолоти муштарак ва рушди ҳамкории нақлиётӣ-логистикӣ нигаронида шудаанд
ДУШАНБЕ, 1 ноя - Sputnik. Ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Эрон дар ояндаи наздик бо суръати тез рушд хоҳад кард.
Чунин ақидаро директори Маркази тадқиқоти иқтисоди иҷтимоӣ Алексей Зубетс дар сӯҳбат бо
Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
Вай қайд кард, ки ду кишвар барои ҳамкории судманд якчанд асос доранд.
"Тоҷикистон ва Эрон аз ҷиҳати фарҳанг ба ҳам наздиканд, таърихан маълум аст ва ин наздикӣ далели иловагии рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ аст", - гуфт Зубетс.
Дар баробари ин, ӯ қайд кард, ки дар айни замон ҷараёни тиҷорат байни ҷумҳуриҳо хеле кам аст ва камтар аз 200 млн долларро ташкил медиҳад. Ба ақидаи коршинос, ин кофӣ нест, бинобар ин зарур аст, ки потенсиали дар ин самт мавҷудбударо амалӣ намуд.
Зубетс афзуд, ки рушди коммуникатсияҳои алтернативии тиҷоратию иқтисодӣ ва логистикӣ метавонад ба иқтисоди Эрон, ки ҳоло таҳти фишори таҳрим қарор дорад, таъсири мусбат расонад.
"Аз ин рӯ, Эрон ба ин гуна тамосҳо манфиатдор аст ва албатта ин имкониятҳои иловагии рушди Тоҷикистон аст", - гуфт коршинос.
Вай афзуд, ки вазъи кунунии геополитикӣ дар Ховари Миёна ва инчунин амалҳои мушаххас, ба монанди ИМА, ки кори бандарҳоро манъ мекунанд, ба ҳамкории кишварҳои минтақа ислоҳот ворид мекунанд.
Зубетс таъкид кард, ки дар ин шароит Тоҷикистон метавонад ба як маркази транзитӣ дар раванди тиҷоративу иқтисодӣ табдил ёбад, ки дар он якчанд давлат иштирок мекунанд.
"Ин хеле муҳим аст, ин пули иловагӣ, ҷараёни байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Чин, Афғонистон ва Эрон аст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи коршинос, бунёди чунин долонҳои нақлиетӣ яке аз роҳҳои вусъат додани рушди иқтисоди Тоҷикистон мебошад.
Қаблан хабар дода шуд, ки Тоҷикистон ва Эрон нақша доранд, ки дар ояндаи наздик ҳаҷми савдои молро аввал то 500 млн доллар ва сипас то як млрд афзоиш диҳанд.
Дар айни замон Эрон миёни панҷгонаи шарикони бузурги тиҷоратии Тоҷикистон қарор дорад.