https://sputnik.tj/20261101/emomali-rahmon-sughd-elon-ruz-rohbandi-mintaqa-1081713516.html
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд рафт: эълони роҳбандии муваққати дар бархе минтақаҳо
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд рафт: эълони роҳбандии муваққати дар бархе минтақаҳо
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи сафари кории кишвардор ба шимоли ҷумҳурӣ, ки эҳтимол се рӯз давом кунад, дар бархе шаҳру навоҳӣ роҳбандии муваққатӣ эълон шудааст
2026-11-01T11:30+0500
2026-11-01T11:30+0500
2026-11-01T11:30+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
хуҷанд
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/12/1073030319_0:158:1832:1189_1920x0_80_0_0_19765cc1db93e26b3007a919f626ebb2.jpg
ДУШАНБЕ, 1 ноя- Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт.Ҳадафи сафар шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон аст, хабар дод дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд президентро роҳбарияти вилояти Суғд ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.Дар пайи сафари кишвардор ба минтақа шӯъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки ҳаракат дар бархе кӯчаҳо дар доираи ин сафар маҳдуд мешавад. Дар барқияи БДА рӯзҳои сафар ва роҳу кӯчаҳое, ки ҳаракати воситаи нақлиёт муваққатан маҳдуд мешавад зикр шудааст.Ҳамин тариқ имрӯз 1 ноябр аз соати 08:00 то 13:00 дақиқа, ҳаракат дар шаҳри Бӯстон, кӯчаҳои Ҳувайдуллоев, Ленин то баромади шаҳри Бӯстон, роҳи Б.Ғафуров-Хуҷанд, аз оташи абадӣ то даромади шаҳри Хуҷанд кӯчаи И.Сомонӣ, к.Хуҷандӣ, давродаври Пахтакор, Р.Набиев, маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд муваққатан маҳдуд мешавад. Фардо 2 ноябр бошад, аз соати 08:00 то 13:00 дақиқа, ҳаркат дар деҳаи Ободӣ, кӯчаҳои маркази ноҳияи Шаҳристон, роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ аз км 200 то 290, роҳи Деҳмой-Конибодом, шаҳри Истаравшан кӯчаҳои Истиқлолият, И.Сомонӣ, то баромади давродаври барқӣ маҳдуд мешавад.Ҳамчунин 3 ноябр аз соати 08:00 то 13:00 дақиқа, кӯчаҳои маркази шаҳри Гулистон, роҳи Б.Ғафуров-Хуҷанд, кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд И.Сомонӣ, 25-Солаги Истиқлолият, Р.Ҷалил, Султон Умаров, Сирдарё, Гагарин, баста мешавад".Роҳбарияти Шӯъбаи БДА аз сокинону меҳмонони вилоят ва ронандагон хоҳиш ва талаб кардааст, ки дар рӯзҳои зикршуда бе зарурият ҳаракат накунанд.
https://sputnik.tj/20260330/suporishho-rahmon-mushkilot-rushdi-sanoat-kishvoarzi-sugd-1076458952.html
хуҷанд
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/12/1073030319_4:0:1824:1365_1920x0_80_0_0_7df11278ea27bad77a53bdfee01a943d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, хуҷанд, суғд
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, хуҷанд, суғд
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд рафт: эълони роҳбандии муваққати дар бархе минтақаҳо
Дар доираи сафари кории кишвардор ба шимоли ҷумҳурӣ, ки эҳтимол се рӯз давом кунад, дар бархе шаҳру навоҳӣ роҳбандии муваққатӣ эълон шудааст
ДУШАНБЕ, 1 ноя- Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт.
Ҳадафи сафар шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон аст, хабар дод дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд президентро роҳбарияти вилояти Суғд ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.
Дар пайи сафари кишвардор ба минтақа шӯъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки ҳаракат дар бархе кӯчаҳо дар доираи ин сафар маҳдуд мешавад.
Дар барқияи БДА рӯзҳои сафар ва роҳу кӯчаҳое, ки ҳаракати воситаи нақлиёт муваққатан маҳдуд мешавад зикр шудааст.
Ҳамин тариқ имрӯз 1 ноябр аз соати 08:00 то 13:00 дақиқа, ҳаракат дар шаҳри Бӯстон, кӯчаҳои Ҳувайдуллоев, Ленин то баромади шаҳри Бӯстон, роҳи Б.Ғафуров-Хуҷанд, аз оташи абадӣ то даромади шаҳри Хуҷанд кӯчаи И.Сомонӣ, к.Хуҷандӣ, давродаври Пахтакор, Р.Набиев, маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд муваққатан маҳдуд мешавад.
Фардо 2 ноябр бошад, аз соати 08:00 то 13:00 дақиқа, ҳаркат дар деҳаи Ободӣ, кӯчаҳои маркази ноҳияи Шаҳристон, роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ аз км 200 то 290, роҳи Деҳмой-Конибодом, шаҳри Истаравшан кӯчаҳои Истиқлолият, И.Сомонӣ, то баромади давродаври барқӣ маҳдуд мешавад.
Ҳамчунин 3 ноябр аз соати 08:00 то 13:00 дақиқа, кӯчаҳои маркази шаҳри Гулистон, роҳи Б.Ғафуров-Хуҷанд, кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд И.Сомонӣ, 25-Солаги Истиқлолият, Р.Ҷалил, Султон Умаров, Сирдарё, Гагарин, баста мешавад".
Роҳбарияти Шӯъбаи БДА аз сокинону меҳмонони вилоят ва ронандагон хоҳиш ва талаб кардааст, ки дар рӯзҳои зикршуда бе зарурият ҳаракат накунанд.