Вилояти Суғд 64% -и нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кард: Кадом ноҳия пешсаф?

Сбор урожая хлопка.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2026
Обуна шудан
Нақшаи истеҳсоли пахта дар вилояти Суғд 119 ҳаз. тоннаро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 30 окт- Sputnik. То кунун дар вилояти Суғд беш аз 77 ҳаз. тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст.
Ин нишондод ба 64,7% -и нақшаи солона баробар мебошад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.
Гуфта мешавад, ки ин рӯзҳо дар вилоят ҷамъоварии пахта идома дошта, ноҳияҳои фаъол барои корнамоӣ аз ҷониби мақомоти вилоят бо кумакпулӣ қадрдонӣ мешаванд.
Ҳамин тавр, дар давраи бистрӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ, ноҳияи Спитамен ғолиб гардидааст.
Пахтакорони ин ноҳия ноҳия то имрӯз 12, 3 ҳаз. тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки ба 94,7 %-и нақша баробар аст, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.
Ҷойи дуюмро заркорони ноҳияи Ашт соҳиб шудаанд. Дар ноҳия то имрӯз 7,8 ҳаз. тонна пахта ҷамъоварӣ гардида, нақшаи пешбинишуда 62,9% иҷро шудааст.
Миёни ҷамоатҳои деҳот бошад, Ҷамоати деҳоти Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ ғолиб дониста шудааст.
Дар маросими супоридани туҳфаҳо ба намояндагони навоҳии фаъол, раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ширкат кардааст.
Ҳамзамон, барои дар муҳлати муқарраршуда ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ба раисони шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нақша дорад, ки ҳосили рекордии пахта ҷамъоварӣ кунанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2026
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нақша дорад, ки ҳосили рекордии пахта ҷамъоварӣ кунанд
Зикр гардид, ки нақшаи истеҳсоли пахта дар вилояти Суғд 119 ҳазор тоннаро ташкил дода, масъулонро зарур аст, ки барои иҷрои пурраи он тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз аввали сол ба маблағи $107,6 млн пахта фурӯхтааст.

Ин тақрибан 28,8% аз нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли 2025 бештар аст.

Ин пешравӣ бо афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва болоравии нархҳо то $1,6 ҳаз. барои як тонна алоқаманд аст.
Лентаи хабарҳо
0