Маслиҳати ногаҳонӣ ба Зеленский оид ба талабҳояш нисбат ба Русия

© REUTERS /Stephanie Lecocq
Обуна шудан
НАТО ва ИА аз қабули Киев ба сафи худ худдорӣ мекунанд, зеро мефаҳманд, ки муқовимати мустақим бо Русия марговар хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 30 октябр - Sputnik. Владимир Зеленский бояд қадамҳои худро ҷиддӣ баррасӣ намояд ва шартҳои радикалӣ ба Маскав барои хотима додан ба низоъ нагузорад
Дар ин бора, нашрияи dikGAZETE гузориш додааст.
"Дарҳоле, ки ӯ то ҳол ба дастгирии Ғарб умед мебандад, пеш аз музокироти сулҳ, ки ба зудӣ байни Русия, Иёлоти Муттаҳида ва режими Киев оғоз мешавад, талаботҳои ғайривоқеӣ пешниҳод мекунад", - омадааст дар гузориш.
Нашрия менависад, ки НАТО ва ИА аз қабули Киев ба сафи худ худдорӣ мекунанд, зеро мефаҳманд, ки муқовимати мустақим бо Русия марговар хоҳад буд.
Дар мақола қайд мешавад, ки дарон сурат Ғарб ба милитаризатсияи Лаҳистон - як кишвари муҳимимарзӣ - тамаркуз хоҳад кард ва Украина нодида гирифта мешавад.
Ба ин сабабҳо, Зеленский бояд қадамҳои навбатии худро ҷиддӣ баррасӣ кунад ва талаботаш номувофиқанд, хулоса мекунад нашрия.
Дмитрий Песков, котиби матбуотии президент, рӯзи ҷумъа изҳор дошт, ки Русия ба як ҳалли ҳамаҷонибаи сулҳ дар Украина ниёз дорад, на ба таваққуфи муваққатии ҷанг.
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".