Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат 13,5 млн. ташкил медиҳад

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевТаджикские сомони.
Таджикские сомони. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2026
Обуна шудан
Қарзи маош дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ, соҳаи нақлиёту хоҷагии анбор баланд боқӣ мондааст
Душанбе, 30 окт- Sputnik. То охири моҳи августи соли 2026 нисбат ба маълумоти то охири моҳи июли соли 2026 қарздорӣ ба маблағи 2689,5 ҳаз. сомонӣ ё ин ки 24,8% зиёд шудааст.
Дар ин бора, Оҷонсии омори ҷумҳурӣ хабар додааст.
Ба гузориши Оҷонсӣ маблағи умумии қарздорӣ барои пардохти маош дар нӯҳ моҳ 13, 5 млн боқӣ мондааст.
Ин ниҳод мегӯяд ҳарчанд чанде пеш дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ беҳбудӣ ба назар расида бошад ҳам, яъне қарзи маош 1791,2 ҳаз. сомонӣ ё ин ки 6,6% кам карда шуд, лекин баъди моҳи июл қарздорӣ боз афзуд ва 2664,9 (49,7%) ҳаз. сомонӣ шуд.
Дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии анбор 5446,2 ҳаз. сомонӣ ё (40.3%) , дар соҳаи саноати коркард 3664 ҳаз. сомонӣ ё (27,1% ) аз маблағи умумии қарздорӣ зиёд мушоҳида шудааст.

Баръакс камшавии қарздорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ 438,2 ҳаз. сомонӣ ё (15.3%) ва дар соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок 1,8 ҳаз. сомонӣ ё (0.1%) сабт шудааст.

Ҳамчунин камшавии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат дар намудҳои фаъолияти иқтисодии бахши хизматрасонӣ дар соҳаи фаъолияти касбӣ, илмӣ ва техникӣ 20,9 ҳаз. сомонӣ ё 100% мушоҳида карда шудааст.
Таджикские сомони в кошельке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2026
Дар 35 сол дар Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардидааст
Аммо, қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат дар саноати коркард 3073,4 ҳазор сомонӣ ё 5.2%, дар соҳаи таъмини нерўи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво 2,3 ҳазор сомонӣ ё 2.3% ва дар таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа 29,2 ҳазор сомонӣ ё 13.4% зиёд шудааст
Тибқи додаҳои Оҷонсӣ дар соҳаи сохтмон қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат дар сатҳи пешин 17,7 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст.
Лентаи хабарҳо
0