Тоҷикистониён дар остонаи Рӯзи Конститутсия се рӯз истироҳат мекунанд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПраздничное шествие, посвященное 35-летию независимости Республики Таджикистан.
Праздничное шествие, посвященное 35-летию независимости Республики Таджикистан. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2026
Обуна шудан
Ҳафтаи оянда мардуми Тоҷикистон бештар истироҳат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 29 окт- Sputnik. Тоҷикистониён дар остонаи Рӯзи Конститутсия се рӯз истироҳат мекунанд.
Дар ин бора аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.

"Рӯзи Конститутсия, ки 6 ноябр таҷлил мешавад, имсол ба ҷумъа рост меояд, аз ин рӯ, рӯзи душанбе рӯзи истироҳат хоҳад буд", - гуфт манбаъ.

Ҳамин тавр, ба муносибати Рӯзи Конститусияи Тоҷикистон сокинон се рӯз пайиҳам - 6, 7 ва 8-уми ноябр истироҳат мекунанд.
Ҳамчунин, ба ин муносибат донишҷӯёни мактабҳои олии Тоҷикистон ҳам як рӯз истироҳат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин рӯзҳо хонандагони макотиби Тоҷикистон низ таътили тирамоҳӣ доранд.
Таътили тирамоҳӣ дар Тоҷикистон аз 1 ноябр оғоз шуда, 7 ноябри соли 2026 ба охир мерасад.
Вазорат ба хонандагони мактаб тавсия дод, ки дар ин давра ба хондан диққат диҳанд.
Детский фестиваль в Пяндже. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2026
Хонандагони тоҷик дар интизори таътили тирамоҳӣ: Аз кай то кай?
Ғайр аз ин, дар ин давра марҳилаи аввали олимпиадаҳои дохилӣ дар муассисаҳои таълимӣ оғоз мешавад.

Бояд гуфт, ки тибқи меъёри қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон, ки ҳамасола 6-уми ноябр таҷлил мешавад, ҳамчун рӯзи истироҳат муқаррар шудааст. Имсол 32-солагии Конситутсия таҷлил мешавад.
Лентаи хабарҳо
0