Дар Тоҷикистон калонтарин корхонаи истеҳсоли хишти сабук кушода шуд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПредприятие по производству строительных материалов ООО "Эко Блок" в Душанбе.
Предприятие по производству строительных материалов ООО Эко Блок в Душанбе.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2026
Обуна шудан
Кушодашавии корхонаи навбатӣ меҳнати дастиро бо таҷҳизоти худкор иваз намуда сохтмони иншоотҳои навро меафзояд ва иқтидори корхона дар як сол ба 300 ҳаз. мукааб газоблок баробар аст
ДУШАНБЕ, 28 окт - Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ "Эко Блок" -ро кушоданд.

Корхонаро соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло бунёд намудааст. Иншооти нави саноатӣ аз лиҳози иқтидори истеҳсолӣ калонтарин корхонаи хишти сабук дар кишвар ба шумор меравад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

Корхона бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол ба 300 ҳаз. метри мукааб газоблок баробар аст.

Дар корхонаи нав ҳафт намуди газоблок истеҳсол мегардад, ки дар соҳаи сохтмон ба таври васеъ истифода мешавад.

Раванди истеҳсол шаш марҳиларо дар бар гирифта, аз омода намудани ашёи хом ва қолаббандӣ то буғдиҳӣ дар ҳарорати 200 дараҷа ва бастубанди маҳсулотро фаро мегирад.

Ҳамаи ин марҳилаҳо бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба таври худкор анҷом дода мешавад, ки дар натиҷа меҳнати дастӣ ба ҳадди камтарин расонида шудааст.
Бузургтарин корхонаи газоблок дар Тоҷикистон дар Душанбе кушода шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2026
Бузургтарин корхонаи газоблок дар Тоҷикистон дар Душанбе кушода шуд.
Ҳоло газоблокҳо бо дарозии 60, паҳноии 20 ва баландии 30 сн истеҳсол мешаванд. Ҳамчунин, имкони истеҳсоли маҳсулот бо шаклу андозаҳои дигар низ мавҷуд аст.
Дар коргоҳи мазкур ҳуҷраҳои корӣ, ошхона ва хобгоҳ барои кормандон сохта шудааст.
Дар ҷумҳурӣ то имрӯз 35 корхонаи истеҳсоли газоблок фаъолият дошта дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар ин корхонаҳо 150 ҳаз. метри мукааб газоблок истеҳсол шудааст.
Бино ба маълумоти оморӣ, дар давоми 9 моҳи соли равон дар шаҳри Душанбе ҳаҷми истеҳсоли газоблок ба 10 ҳаз. метри мукааб расидааст.
Лентаи хабарҳо
0