Рӯзноманигорони ҷавон дар Душанбе истифодаи зеҳни сунъиро омӯхтанд

© SputnikМастер-класс Sputnik PRO в Душанбе.
Мастер-класс Sputnik PRO в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2026
Обуна шудан
Дар доираи лоиҳаи Sputnik PRO, коршиноси рус Олег Дмитриев ба донишҷӯёни ихтисоси журналистика ва мутахассисони навкори соҳа хусусиятҳои кор бо зеҳни сунъиро дар ВАО шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 28 окт - Sputnik. Дар маркази “Фазои русӣ” - и Донишгоҳи Славянии Русия - Тоҷикистон дарсҳои маҳорат дар бораи истифодаи зеҳни сунъӣ дар журналистикаи муосир баргузор шуд.
Мушовири гурӯҳи расонаҳои "Россия Сегодня" ва муовини директори донишкадаи ВАО Донишгоҳи миллии тадқиқотии “Мактаби олии иқтисодӣ” Олег Дмитриев, бо донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон нозукиҳои истифодаи усулҳои забонии миқёси калонро дар навиштани матнҳо ва ҷустуҷӯи иттилоот дар интернет мубодила кард.
Иштирокчиёни дарсҳои маҳорат дар маркази "Фазои русӣ"-и ДСРТ фарқ кардани матни "зинда"-ро аз матни ба зеҳни сунъӣ тавлидкардаи заиф, масоили дар кадом ҳолат истифодаи зеҳни сунъӣ ба манфиати онро омӯхтанд.
Дар қисмати амалии дарсҳои маҳорат аз иштирокчиён хоҳиш карда шуд, ки дархости кӯтоҳеро барои зеҳни сунъӣ тартиб диҳанд, то матни пурмазмун ва дақиқро дар бораи рӯйдодҳои хабарӣ дар кишвар бо як дархост ба даст оранд.
Олег Дмитриев ба он тамаркуз кард, ки чаро санҷиши далелҳо дар ВАО ва муҳити омӯзишӣ дар шароити таваҷҷӯҳи васеъ ба зеҳни сунъӣ ба як маҳорати ҳатмӣ табдил ёфтааст. Ба таври мушаххас, ӯ мисолҳоеро аз мутахассисе овард, ки дар як кори илмии ба ӯ пешниҳодшуда истинодҳоро ба мақолаҳо ва китобҳое, ки ҳеҷ гоҳ нанавиштааст, пайдо кардааст.
Беш аз 30 рӯзноманигори ҷавон дар чорумин дарсҳои омӯзишии SputnikPRO дар Душанбе иштирок карда, таҷрибаи нав ба даст оварданд, ки ба қавли онҳо, малакаҳои амалиашро дар истифодаи зеҳни сунъӣ ба таври назаррас тақвият доданд.
Зеҳни сунъӣ ва кор дар нуқтаҳои доғ: модули Sputnik Pro дар Маскав чӣ гуна гузашт? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2026
Зеҳни сунъӣ ва кор дар нуқтаҳои доғ: модули Sputnik Pro дар Маскав чӣ гуна гузашт?
SputnikPRO лоиҳаи байналмилалии таълимӣ дар соҳаи журналистика мебошад, ки аз ҷониби оҷонсии байналмилалии иттилоотии "Россия Сегодня" ва Радиои Sputnik оғоз шудааст. Он як низоми даврҳои омӯзишӣ, маърӯзаҳо ва дарсҳои маҳоратро аз менеҷерон ва мутахассисони пешбари ВАО барои рӯзноманигорон, котибони матбуот, блогерҳо ва донишҷӯёни донишгоҳҳо дар соҳаҳои дахлдор дар бар мегирад.
Лентаи хабарҳо
0