Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон таҳким ёфтааст

© Foto / Государственный комитет по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики ТаджикистанЗаседание Межправительственной комиссии по экономическому сотрудничеству между Таджикистаном и Казахстаном.
Заседание Межправительственной комиссии по экономическому сотрудничеству между Таджикистаном и Казахстаном.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2026
Обуна шудан
Гардиши савдои миёни Тоҷикистону Қазоқистон давоми 9 моҳи соли ҷорӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 28 октябр- Sputnik. Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон таҳким ёфтааст.
Ин масъала, дар ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ шудааст, хабар медиҳад Кумитаи сармоягузорӣ.
Дар ҷаласа натиҷаҳои иҷрои қарорҳои ҷаласаи 19-уми Комиссия ҷамъбаст гардида, масъалаҳои ҷалби сармоя, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди савдо, кишоварзӣ, нақлиёту логистика, энергетика, технологияҳои рақамӣ ва телекоммуникатсия баррасӣ шуданд.
Дар ин росто, муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва муовини якуми сарвазири Қазоқистон Нурлибек Налибаев рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, роҳандозии лоиҳаҳои муштарак ва афзоиши сармоягузориҳои дуҷонибаро қайд намуданд.
Қазоқистон аз лиҳози сармоягузории хориҷӣ ба панҷгонаи кишварҳои шарики асосии сармоягузории Тоҷикистон шомил аст.
Дар нимсолаи аввали соли 2026 ҳаҷми сармоягузориҳо аз Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,6% афзоиш ёфтааст. Гардиши савдои дуҷониба дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 ба 1,13 млрд доллар расидааст.
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2026
Маълум шуд кишварҳои СҲШ ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ қадар сармоягузорӣ карданд
Дар анҷоми ҷаласа Протоколи ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба имзо расид, ки чорабиниҳои мушаххасро ҷиҳати таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои афзалиятнок муайян менамояд.
Лентаи хабарҳо
0