Боевая работа системы дистанционного минирования Земледелие группировки войск Центр - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин вазъи Украинаро арзёбӣ кард

© Sputnik / POOL / Александр Казаков / Гузариш ба медиабонкПрезидент Владимир Путин принял участие в акции "Елка желаний"
Президент Владимир Путин принял участие в акции Елка желаний - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2026
Обуна шудан
Раҳбари Русия хотиррасон кард, ки ба даст овардани сулҳ дар Украина танҳо бо ба назар гирифтани манфиатҳои пурраи Русия имконпазир аст
ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин аз сабабҳои аслии низоъ дар Украина ёдовар шуд.
Раҳбари Русия дар суҳбат бо раисиҷумҳури Финландия Александр Стубб ва сарвазири Норвегия Йонас Гар Сторе вазъи кунунии минтақаи низоъ дар Украинаро арзёбӣ кард.
Путин таъкид кард, ки ноил шудан ба сулҳи дарозмуддат дар Украина танҳо бо назардошти ҳамаҷонибаи манфиатҳои Федератсияи Русия имконпазир аст.
"Таъкид карда шуд, ки ноил шудан ба сулҳи одилона ва дарозмуддат танҳо дар сурати ба назар гирифтани манофеи қонунии Федератсияи Русия комилан ва бечунучаро имконпазир аст", - омадааст дар изҳороти Кремл.
Дар ҷараёни суҳбат Путин ва Гар Стере ба масъалаҳои таъмини амният ва субот дар минтақаҳои баҳри Балтика ва шимоли Аврупо дахл карданд.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки "масъалаҳои таъмини амният ва субот дар минтақаҳои баҳри Балтика ва шимоли Аврупо баррасӣ шуданд".
Қайд карда мешавад, ки роҳбарони се кишвар ба мувофиқа расиданд, ки тамосҳои мустақими телефониро идома диҳанд.
Встреча президентов России и США на Аляске  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зеленский аз Путин ва Трамп шикоят кард
Президенти Русия Владимир Путин бо президенти Финландия Александр Стубб ва сарвазири Норвегия Йонас Гар Сторе сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дафтари президенти Финландия изҳор дошт, ки Стубб ва Сторе дар сӯҳбати телефонии худ бо Путин кишварҳои худ, на тамоми Аврупоро намояндагӣ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0