https://sputnik.tj/20261027/istehsoli-tukhmu-shirr-viloyati-badakhshon-afzoish-1081533445.html
Истеҳсоли тухму шир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон афзоиш ёфт
Истеҳсоли тухму шир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон дар кишвар ба таври назаррас истеҳсоли шир ва тухм дар афзоиш ёфтааст
2026-10-27T10:41+0500
2026-10-27T10:41+0500
2026-10-27T10:41+0500
дар тоҷикистон
омор
тухм
шир
кишоварзӣ
маҳсулот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/17/1076266132_0:21:3012:1715_1920x0_80_0_0_e7c829ed3bb506e7fca2e23e4016869d.jpg
ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 дар Тоҷикистон истеҳсоли шир ва тухм нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст.Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон дар гузориши ахири худ хабар додааст.Тибқи иттилои ин ниҳод, дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 770 ҳазору 436 тонна шир истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 4,2% зиёд мебошад.Ҳамзамон ба иттилои Агентӣ афзоиши истеҳсоли шир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1,2%, вилояти Суғд 13% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 0,6%-ро ташкил додааст.Қайд карда шудааст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар мамлакат 1 миллиарду 63,8 миллион дона тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ–сентябри соли гузашта 3% фоиз зиёд мебошад.Аз рӯйи минтақаҳо, истеҳсоли тухм дар вилояти Хатлон 8,7 фоиз, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5,1%, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2,2% ва вилояти Суғд 1,3% афзоиш ёфтааст.Истеҳсоли тухм ва шир дар Тоҷикистон дар солҳои охир ба таври устувор рушд ёфта, тибқи нишондиҳандаҳои Агентии омор дар соли 2026 низ афзоиши назаррасро нишон медиҳадВилоятҳои Хатлон ва Суғд таъминкунандагони асосии шир дар кишвар ба шумор рафта, ҳар кадоме тақрибан 39%-и ҳаҷми умумиро ташкил медиҳанд. Масалан, танҳо дар вилояти Хатлон дар ин давра 345 ҳазор тонна шир истеҳсол шудааст.
https://sputnik.tj/20260928/tojikiston-istehsol-gusht-tukhm-ziyod-1080762654.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/17/1076266132_141:0:2872:2048_1920x0_80_0_0_24a1954833fed65351a0f2e7e41376f1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, омор, тухм, шир, кишоварзӣ, маҳсулот
дар тоҷикистон, омор, тухм, шир, кишоварзӣ, маҳсулот
Истеҳсоли тухму шир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон афзоиш ёфт
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон дар кишвар ба таври назаррас истеҳсоли шир ва тухм дар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 дар Тоҷикистон истеҳсоли шир ва тухм нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон дар гузориши ахири худ хабар додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 770 ҳазору 436 тонна шир истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 4,2% зиёд мебошад.
Ҳамзамон ба иттилои Агентӣ афзоиши истеҳсоли шир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1,2%, вилояти Суғд 13% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 0,6%-ро ташкил додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар мамлакат 1 миллиарду 63,8 миллион дона тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ–сентябри соли гузашта 3% фоиз зиёд мебошад.
Аз рӯйи минтақаҳо, истеҳсоли тухм дар вилояти Хатлон 8,7 фоиз, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5,1%, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2,2% ва вилояти Суғд 1,3% афзоиш ёфтааст.
Истеҳсоли тухм ва шир дар Тоҷикистон дар солҳои охир ба таври устувор рушд ёфта, тибқи нишондиҳандаҳои Агентии омор дар соли 2026 низ афзоиши назаррасро нишон медиҳад
Вилоятҳои Хатлон ва Суғд таъминкунандагони асосии шир дар кишвар ба шумор рафта, ҳар кадоме тақрибан 39%-и ҳаҷми умумиро ташкил медиҳанд. Масалан, танҳо дар вилояти Хатлон дар ин давра 345 ҳазор тонна шир истеҳсол шудааст.