Донишгоҳҳои Русия барномаҳои таълимии худро дар Душанбе муаррифӣ карданд - Видео

Обуна шудан
Ҳазорон наврасу ҷавон ва волидони онҳо бо имконоти таҳсил дар хориҷа шинос гардиданд
Донишгоҳҳои Русия барномаҳои таълимии худро дар Душанбе муаррифӣ карданд.

"Донишҷӯёни тоҷик асосан ба соҳаҳои иқтисод, идоракунӣ, ҳуқуқ, технологияҳо иттилооти таваҷҷуҳ доранд", - гуфт Сергей Логинов, проректор оид ба корҳои илм, рақамикунонӣ ва муносиботи байналмилалии Донишгоҳи давлатии Курск.

Ҳамасола "Россотрудничество" барои таҳсили ройгони донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия бурсияҳо ҷудо мекунад, ки сол то сол шумораи онҳо афзоиш дода мешавад.
Тибқи иттилои Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат), беш аз 22 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз моҳи январ то июни соли 2026 барои таҳсил вориди Русия шудаанд.
Дар маҷмӯъ 202 600 шаҳрванди хориҷӣ барои оғози таҳсил аз моҳи январ то июни соли 2026 ба Русия омадаанд.
Тибқи иттилои Росстат, айни замон дар донишгоҳҳои Русия дар маҷмӯъ 415 ҳазор донишҷӯ аз кишварҳои мухталиф таҳсил мекунанд.
Фурсенко шарҳ дод, ки чаро Русия барои донишҷӯёни хориҷӣ ҷолиб аст
Лаҳзаҳои ҷолиб аз намоишгоҳи "Маорифи Русия. Тоҷикистон 2026" ва суҳбати масъулонро дар навори Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.
Лентаи хабарҳо
0