https://sputnik.tj/20261023/imzoi-sozishnomahoi-hamkori-khatlon-invest-1081435616.html
Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ ба маблағи зиёда 1 млрд сомонӣ дар “Хатлон Инвест-2026”
Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ ба маблағи зиёда 1 млрд сомонӣ дар “Хатлон Инвест-2026”
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории "Хатлон Инвест – 2026" 31 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
2026-10-23T09:36+0500
2026-10-23T09:36+0500
2026-10-23T09:36+0500
дар тоҷикистон
сармоягузорӣ
хатлон
иқтисод
молия
созишнома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/16/1081435418_0:70:1280:791_1920x0_80_0_0_37d830f8030712c138ade0738998512e.jpg
ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории "Хатлон Инвест – 2026" баргузор гардид, ки дар он тақрибан 1000 нафар соҳибкорону сармоягузорон аз 30 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.Дар ин бора мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст.Дар натиҷаи форум созишномаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун ба маблағи умумии беш аз 1,2 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд.Қайд карда шуд, ки 31 созишномаи имзошуда ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои нави иқтисодӣ нигаронида шудаанд.Мақомот Хатлон қайд кардааст, ки баргузории "Хатлон Инвест – 2026" барои муаррифии иқтидори истеҳсолӣ ва сармоягузории вилояти Хатлон, ҷалби шарикони нав ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ аҳамияти муҳим дорад.Ин гуна чорабиниҳо метавонанд ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таҳкими робитаҳои иқтисодии минтақа бо кишварҳои хориҷӣ мусоидат намоянд.Дар доираи форум масъалаҳои рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти ватанӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва густариши содирот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Иштирокчиён имкониятҳои мавҷудаи минтақа ва лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузориро муаррифӣ карда, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда табодули назар намуданд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/61872
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/16/1081435418_79:0:1216:853_1920x0_80_0_0_d8dd73e1c3dae18ca4c2c2bc09ea36f1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сармоягузорӣ, хатлон, иқтисод, молия, созишнома
дар тоҷикистон, сармоягузорӣ, хатлон, иқтисод, молия, созишнома
Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ ба маблағи зиёда 1 млрд сомонӣ дар “Хатлон Инвест-2026”
Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории "Хатлон Инвест – 2026" 31 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории "Хатлон Инвест – 2026" баргузор гардид, ки дар он тақрибан 1000 нафар соҳибкорону сармоягузорон аз 30 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Дар ин бора мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст.
Дар натиҷаи форум созишномаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун ба маблағи умумии беш аз 1,2 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд.
Қайд карда шуд, ки 31 созишномаи имзошуда ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои нави иқтисодӣ нигаронида шудаанд.
Мақомот Хатлон қайд кардааст, ки баргузории "Хатлон Инвест – 2026" барои муаррифии иқтидори истеҳсолӣ ва сармоягузории вилояти Хатлон, ҷалби шарикони нав ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ин гуна чорабиниҳо метавонанд ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таҳкими робитаҳои иқтисодии минтақа бо кишварҳои хориҷӣ мусоидат намоянд.
Дар доираи форум масъалаҳои рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти ватанӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва густариши содирот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён имкониятҳои мавҷудаи минтақа ва лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузориро муаррифӣ карда, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда табодули назар намуданд.