Ба макотиби Тоҷикистон ҳазорҳо китоби дарсии забони русӣ тақдим шуд

© Foto / Пресс-служба РоссотрудничестваКниги и учебные пособия на русском языке.
Книги и учебные пособия на русском языке. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2026
Обуна шудан
Ин ташаббуси таълимӣ барои дастгирии омӯзиши забони русӣ ва рушди шавқу рағбати хонандагони мактабҳои ҷумҳурӣ равона шудааст
ДУШАНБЕ, 22 окт - Sputnik. Ба макотиби Тоҷикистон зиёда аз 2,5 ҳаз. китоби дарсии забони русӣ ба мактабҳои Тоҷикистон тӯҳфа карда шуданд.
Дар ин бора, хадамоти матбуоти намояндагии Россотрудничество дар ҷумҳурӣ хабар дод.
Китобҳо ба ду муассиса барои кӯдакони болаёқат: мактаб дар Ҳисор ва литсейи рақами 1 ба номи Ниёз Сафаров дар Душанбе дода шуд.
Хадамоти матбуот таъкид кард, ки ин адабиёт барои васеъ кардани коллексияҳои китобхона истифода мешавад, ки ин, дар навбати худ, дастрасии хонандагони мактабро ба нашрияҳои таълимӣ ва бадеӣ васеъ мекунад.
Намояндагӣ афзуд, ки татбиқи ин ташаббус ба омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон ва рушди шавқу рағбати хониш дар байни кӯдакон ва ҷавонон дар кишвар мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон тақрибан 60 мактаби русӣ ва беш аз 160 муассисаи таълимӣ ба забонҳои омехта мавҷуданд.
Дар соли 2024, 371 ҳаз. китоби дарсии мутобиқшудаи забони русӣ барои хонандагони синфҳои 1-11 дар мактабҳои омӯзизашон ба забони русӣ ва инчунин барои хонандагони синфҳои дуюм дар мактабҳои забони тоҷикӣ ба Тоҷикистон фиристода шуд.
Вручение сертификата на 842 тысячи учебников по русскому языку. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2026
Русия ба Тоҷикистон беш аз 840 ҳазор китоби дарсии забони русӣ тӯҳфа кард
Дар соли 2025, ҷумҳурӣ 800 ҳаз. китоби иловагии забони русӣ барои хонандагони синфҳои 3 ва 4 дарёфт кард.
Дар соли 2026, китобҳо ба Қирғизистон, Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ низ расонида шуданд. Ин кор барои таъмини мактабҳо бо маводи муосири таълимӣ, дастгирии таълим ва омӯзиши забони русӣ ва рушди ҳамкориҳои башардӯстона ва таълимӣ байни Русия ва кишварҳои шарик мусоидат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0