https://sputnik.tj/20261021/rahmon-gulhoi-lola-siyohgushro-gulhoi-milli-elon-1081387963.html
Раҳмон гулҳои Лола ва Сиёҳгӯшро гулҳои миллӣ эълон кард
Раҳмон гулҳои Лола ва Сиёҳгӯшро гулҳои миллӣ эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, фармонеро имзо кард, ки мувофиқи он гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон карда шуданд
2026-10-21T14:41+0500
2026-10-21T14:41+0500
2026-10-21T14:41+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
фармон
ҷашни "сайри лола"
лола
ҷашноваи гулҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/0f/1062474397_152:46:1620:872_1920x0_80_0_0_1738495f311b963d3e8f45a107a874bd.jpg
ДУШАНБЕ, 21 окт – Sputnik. Мувофиқи шарҳи расмии Фармон, ин иқдом бо мақсади тарғиби мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва эътирофи рамзҳои табииву миллии кишвар гирифта шудааст.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода шудааст.Хадамоти матбуот қайд кардааст, ки эълони гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш чун гулҳои миллӣ, дар адабиёту фарҳанги гузаштаву имрӯзаи кишвар ҷойгоҳи хосса дорадТаъкид шудааст, ки ин гулҳо ба ҷузъи ҷудонопазири тамаддуни тоҷикон табдил ёфта, махсусан бо ҷашни ориёии Наврӯз ва фасли зебоманзари баҳор пайванди ногусастанӣ доранд.Қайд карда шудааст, ки бо гули Сиёҳгӯш чун аввалин пайки баҳорӣ, мардуми мо омад-омади фасли хуррами баҳору соли нави аҷдодиро бо рӯҳбаландӣ истиқбол менамуданд ва дар рӯзҳои минбаъдаи наврӯзӣ бо суруру шодмонӣ ба сайри гули Лола мебаромаданд, ки онро сайри гули сурх низ мегуфтанд.Анъанаи сайри гули Лола дар замони муосир бо ҳамин унвони таърихӣ, вале мазмунҳои наву тоза ҳамасола моҳи апрел дар саросари кишвар бо шодию сурур таҷлил гардида, шаҳру деҳоти кишварро ба гулистон мубаддал месозад.Бояд қайд кард, ки иртиботи гули Сиёҳгӯшро бо ривояти ориёии марбут ба Сиёвуш ёдоварӣ намуд, ки дар "Шоҳнома"-и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ тасвир шудааст.Қайд карда шудааст, ки фармони мазкур ҷиҳати омӯзиши илмии тамоми навъҳои гулҳо, инчунин пешгирӣ аз нобудшавии набототи нодири диёрамон заминаи мусоид фароҳам меорад.Бо дарназардошти ин, расман эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш ба сифати гулҳои миллӣ, ба раванди ташаккули ҳувияти миллии тоҷикон дар замони ҷаҳонишавӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.Мақомот қайд кардааст, ки ибтикори навбатии Президенти дар ҳифзи мероси фарҳангӣ, тақвияти завқи зебоишиносӣ, боло рафтани масъулияти аҳли ҷомеа дар самти ҳифзи табиати биҳиштосои кишвар ва такмил ёфтани фарҳанги экологии шаҳрвандон, бахусус насли наврасу ҷавон, ба таври муассир мусоидат намуда, дар муаррифии Тоҷикистон ва тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши бузург мегузорад.
https://sputnik.tj/20250405/dushanbe-lolazor-shud-poytakht-millionho-adad-guli-lola-shukuftand-1066873762.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/0f/1062474397_171:0:1611:1080_1920x0_80_0_0_040f818ff164148d5bcefddec5ba052a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, фармон, ҷашни "сайри лола", лола, ҷашноваи гулҳо
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, фармон, ҷашни "сайри лола", лола, ҷашноваи гулҳо
Раҳмон гулҳои Лола ва Сиёҳгӯшро гулҳои миллӣ эълон кард
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, фармонеро имзо кард, ки мувофиқи он гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон карда шуданд
ДУШАНБЕ, 21 окт – Sputnik. Мувофиқи шарҳи расмии Фармон, ин иқдом бо мақсади тарғиби мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва эътирофи рамзҳои табииву миллии кишвар гирифта шудааст.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода шудааст.
Хадамоти матбуот қайд кардааст, ки эълони гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш чун гулҳои миллӣ, дар адабиёту фарҳанги гузаштаву имрӯзаи кишвар ҷойгоҳи хосса дорад
“Имзои фармон иқдоми дигари Эмомалӣ Раҳмон дар самти густариши суннатҳои волои куҳан дар замони муосир ба шумор меравад”, - қайд кардааст манбаъ.
Таъкид шудааст, ки ин гулҳо ба ҷузъи ҷудонопазири тамаддуни тоҷикон табдил ёфта, махсусан бо ҷашни ориёии Наврӯз ва фасли зебоманзари баҳор пайванди ногусастанӣ доранд.
“Агар гули Сиёҳгӯш нахустин муждарасони баҳори нав, рамзи ҳофизаи таърихиву асотирӣ ва пирӯзии покиву адолат бошад, пас гули Лола рамзи рӯйсурхии мардуми сарбаланди мо, таҷассуми ҳусну латофат ва шукуфоии табиати кишвар аст”, - зикр кардааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳур.
Қайд карда шудааст, ки бо гули Сиёҳгӯш чун аввалин пайки баҳорӣ, мардуми мо омад-омади фасли хуррами баҳору соли нави аҷдодиро бо рӯҳбаландӣ истиқбол менамуданд ва дар рӯзҳои минбаъдаи наврӯзӣ бо суруру шодмонӣ ба сайри гули Лола мебаромаданд, ки онро сайри гули сурх низ мегуфтанд.
Анъанаи сайри гули Лола дар замони муосир бо ҳамин унвони таърихӣ, вале мазмунҳои наву тоза ҳамасола моҳи апрел дар саросари кишвар бо шодию сурур таҷлил гардида, шаҳру деҳоти кишварро ба гулистон мубаддал месозад.
Бояд қайд кард, ки иртиботи гули Сиёҳгӯшро бо ривояти ориёии марбут ба Сиёвуш ёдоварӣ намуд, ки дар "Шоҳнома"-и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ тасвир шудааст.
Қайд карда шудааст, ки фармони мазкур ҷиҳати омӯзиши илмии тамоми навъҳои гулҳо, инчунин пешгирӣ аз нобудшавии набототи нодири диёрамон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Бо дарназардошти ин, расман эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш ба сифати гулҳои миллӣ, ба раванди ташаккули ҳувияти миллии тоҷикон дар замони ҷаҳонишавӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Мақомот қайд кардааст, ки ибтикори навбатии Президенти дар ҳифзи мероси фарҳангӣ, тақвияти завқи зебоишиносӣ, боло рафтани масъулияти аҳли ҷомеа дар самти ҳифзи табиати биҳиштосои кишвар ва такмил ёфтани фарҳанги экологии шаҳрвандон, бахусус насли наврасу ҷавон, ба таври муассир мусоидат намуда, дар муаррифии Тоҷикистон ва тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши бузург мегузорад.