Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Песков: Русия ба сулҳ дар Украина ниёз дорад, на ба оташбас

© Sputnik / СтрингерВид на Андреевскую церковь и начало Андреевского спуска в Киеве.
Вид на Андреевскую церковь и начало Андреевского спуска в Киеве.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2026
Обуна шудан
Сухангӯи Кохи Кремлин гуфт, ки Русия ба сулҳ дар Украина ниёз дорад, на ба оташбас. Вай таъкид кард, ки мавқеи Маскав дар ин бора тағйир наёфтааст
ДУШАНБЕ, 21 окт – Sputnik. Сухангӯи раисҷумҳури Русия бори дигар таъкид кард, ки Русия ба сулҳи абадӣ дар Украина ниёз дорад, на ба оташбас.
Дмитрий Песков изҳор дошт, ки мавқеи Маскав дар ин масъала тағйир наёфтааст.
"Ҳеҷ чиз тағйир наёфтааст. Мо ба сулҳ ниёз дорем, на ба оташбас", - гуфт Песков ба хабарнигорон, дар шарҳи мавқеи Маскав дар бораи ҳалли низоъи Украина.
Оқои Песков қабан гуфта буд, ки барои Русия муҳим аст, ки Украина дар музокирот намояндаи қонунии ҳукумат дошта бошад, ки омода аст масъулиятро ба дӯш гирад ва қарорҳои заруриро барои хотима додан ба ин низоъ қабул кунад.
Вице-президент США Джей Ди Вэнс выступает на предвыборном митинге в Монро, штат Мичиган, США, 15 октября 2026 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ноиби президенти ИМА: Украина набояд узви НАТО бошад
"Барои мо муҳим аст, ки нафари қонунии ҳукумат бошад, ки омода аст масъулиятро ба дӯш гирад ва қарорҳои заруриро барои хотима додан ба ин ҷанг қабул кунад", - гуфт ӯ.
Доналд Трамп, президенти ИМА, қаблан изҳор дошт, ки вақти он расидааст, ки Владимир Зеленский нафари дигареро барои гуфтушунид дар бораи ҳалли низоъи Украина ҷустуҷӯ кунад.
Лентаи хабарҳо
0