Оверчук: Дар ИИАО баррасии таъсиси бозори ягонаи нафт ва маҳсулоти нафтӣ идома дорад

© Sputnik / Вячеслав Прокофьев / POOL / Гузариш ба медиабонкЗаместитель председателя правительства РФ Алексей Оверчук.
Заместитель председателя правительства РФ Алексей Оверчук. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2026
Обуна шудан
Таъсиси бозори ягонаи нафт ва маҳсулоти нафтӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) яке аз ҳадафҳои асосии ҳамкории энергетикии кишварҳои узв мебошад
ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук эълон кард, ки кишварҳои ИИАО музокиротро дар бораи таъсиси бозори ягонаи нафт ва маҳсулоти нафтӣ идома медиҳанд.
"Дар мавриди бозори ягонаи нафт ва маҳсулоти нафтӣ, музокирот идома доранд", - гуфт Оверчук ба хабарнигорон.
Вай илова кард, ки Русия ба рушд ва дастрасӣ ба шароити мусоиди сӯзишворӣ ба ҳамаи кишварҳои Иттиҳодитяи иқтисодии АвруОсиё манфиатдор аст.
"Сӯзишворӣ ҷузъи асосии хароҷоти истеҳсолот аст. Барои мо муҳим аст, ки кишварҳои узви ИИАО чунин имконият дошта бошанд. Гарчанде ки, албатта, таъминоти фоидаовартарин ҳамеша аз Русия буд ва хоҳад буд", - таъкид кард Оверчук.
Узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё айни замон панҷ кишвар Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон аст.
Флаги стран-участниц ЕАЭС. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2026
Сармоягузории мутақобила дар ҳудуди ИИАО аз соли 2016 инҷониб 42% афзоиш ёфтааст
Қаблан Шӯрои Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИАО) мӯҳлати боҷҳои гумрукии воридотии сифрро барои сӯзишворӣ то 30 июни соли 2027 тамдид кард.
Тибқи қарорҳои қабулшуда, ба кор андохтани бозори умумии нафт ва маҳсулоти нафтӣ дар қаламрави ИИАО ба таърихҳои минбаъда (аз ҷумла соли 2027) гузошта шудааст, дар ҳоле ки гуфтушунидҳо ва мувофиқасозии қоидаҳои ҳуқуқӣ ва техникӣ то ҳол идома доранд.
Ҳадафи асосии ин бозор фароҳам овардани шароити баробар, шаффоф ва пешгӯинашаванда барои таъмини кишварҳои узв бо сузишворӣ бо нархҳои бозорӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0