Ифтитоҳи Sputnik дар Танзания ва Африқои Ҷанубӣ дастрасӣ ба иттилоот васеътар мешавад

© Sputnik / Юрий Кочетков / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров выступает на конференции ОДКБ, СНГ и ШОС в Москве по безопасности в Центральной Азии и Афганистане.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров выступает на конференции ОДКБ, СНГ и ШОС в Москве по безопасности в Центральной Азии и Афганистане. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2026
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Русия гуфт, ки Sputnik дар Танзания ва Африқои Ҷанубӣ ба африқоиҳо имкон медиҳад ба иттилооти дуруст дастрасӣ пайдо кунанд
ДУШАНБЕ, 21 окт – Sputnik. Оҷонсии байналмилалии иттилоотӣ ва радиои Sputnik дар Африқо: дар Дар-эс-Салам ва Йоханнесбург ду маркази таҳририи бисёрфунксионалӣ ифтитоҳ кард.
Маросими ифтитоҳ дар пойтахти Танзания бо суханронии видеоии вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров оғоз ёфт.
"Ифтитоҳи дафтарҳои минтақавӣ дар Дар-эс-Салам ва Йоханнесбург ба васеъ кардани дастрасии аудиторияи африқоӣ ба иттилооти саҳеҳ ва тасдиқшуда, ки аз таҳриф ва филтрҳои идеологӣ озод аст, мусоидат хоҳад кард", - гуфт Сергей Лавров.
Вай инчунин аз мақомоти Танзания ва Африқои Ҷанубӣ барои дастгирӣашон изҳори сипос кард ва қайд кард, ки ин барои кори самаранок ва бехатари рӯзноманигорон муҳим аст.
"Имрӯз, вақте ки "Ғарби дастаҷамъона" ҳар гуна норозигиро дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ, аз ҷумла тавассути сензура ва "стандартҳои дугона" пайваста пахш мекунад, ниёз ба чунин марказҳо зарур аст", - афзуд вазир.
Сергей Лавров рамзи кушодашавии дафтарҳои нави Sputnik-ро дар арафаи сеюмин Саммити Русия ва Африқо, ки 28-29 октябр дар Маскав баргузор мешавад ва интизор меравад, ки шарикии стратегии Русия ва кишварҳои Африқоро боз ҳам тақвият диҳад, қайд кард.
Радиои Sputnik дар Мариупол пахши барномаҳоро оғоз кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2026
Радиои Sputnik дар Мариупол пахши барномаҳоро оғоз кард.
Ноиби президенти Африқои Ҷанубӣ Пол Машайтиле низ аҳамияти густариши ҳузури Sputnik-ро дар Африқо қайд кард:
"Ифтитоҳи дафтари минтақавии Sputnik дар Йоханнесбург як рӯйдоди муҳим барои фазои ВАО дар Африқои Ҷанубӣ ва қитъаи Африқо мебошад. Он ҳамкории афзояндаи байни Африқои Ҷанубӣ ва Русияро инъикос мекунад ва гуногунии овозҳо ва назарҳои заруриро барои муколамаи фаъол ва демократии ҷамъиятӣ таблиғ мекунад. Мо аз ӯҳдадории Sputnik барои тақвияти овозҳои африқоӣ ва нақл кардани достонҳои африқоӣ истиқбол мекунем.
Бигзор дафтари шумо дар Йоханнесбург ҳамчун платформа барои ҳамкории созанда, журналистикаи босифат ва тақвияти робитаҳо байни Африқои Ҷанубӣ, Русия ва қитъаи Африқо хизмат кунад."
Дар навбати худ, Дмитрий Киселев, мудири кулли гурӯҳи расонаии "Россия Сегодня", ки Sputnik-ро дар бар мегирад, қайд кард: "Имконияти кор кардан мустақиман дар қаламрави давлатҳои Африқо нишонаи равшани эътимод аст. Эътимод байни кишварҳо, байни халқҳо, байни рӯзноманигорон ва хонандаҳо. И эътимод истиқлолияти иттилоотӣ - истиқлолияти Африқо ва Русияро тақвият медиҳад".
Марказҳои иттилоотии Sputnik идораҳои пурраи таҳририя мебошанд, ки дар онҳо даҳҳо рӯзноманигори маҳаллӣ кор мекунанд.
Зеҳни сунъӣ ва кор дар нуқтаҳои доғ: модули Sputnik Pro дар Маскав чӣ гуна гузашт? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2026
Зеҳни сунъӣ ва кор дар нуқтаҳои доғ: модули Sputnik Pro дар Маскав чӣ гуна гузашт?
Марказҳои нави таҳририя - дар Йоханнесбург, Африқои Ҷанубӣ ва Дар-эс-Салам, Танзания - мундариҷаро бо забонҳои англисӣ ва суахилӣ, аз ҷумла подкастҳо, ки дар истгоҳҳои радио дар саросари қитъа барои аудиторияи умумии беш аз 100 миллион шунаванда пахш мешаванд, таҳия мекунанд.
Sputnik Africa соли 2022 ба кор шурӯъ кард. Аз он вақт инҷониб, он ба яке аз маъруфтарин расонаҳои хориҷӣ бо тамаркузи панафриқоӣ дар Африқо табдил ёфтааст. Он бо панҷ забон, аз ҷумла суахилӣ, амҳарӣ ва оромоӣ фаъолият мекунад.
Sputnik яке аз бузургтарин оҷонсиҳо ва радиоҳои байналмилалӣ буда, бо зиёда аз 30 забон пахш мекунад ва дар саросари ҷаҳон 26 маркази бисёрфунксионалиро идора мекунад.
Лентаи хабарҳо
0