Арзон мешавад?: Мақомот аз афзоиши тавлиди гӯшт дар Тоҷикистон хабар дод

© Sputnik / Амир ИсаевМясо на рынке, архивное фото
Мясо на рынке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2026
Обуна шудан
Ба иттилои оморҳои расмии ахир истеҳмоли гӯшт дар ҳудуди Тоҷикистон наздик ба 15% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 21 окт – Sputnik. Дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидории Тоҷикистон 227 ҳазору 932 тонна гӯшти чорвои калон ва майда (дар вазни зинда) истеҳсол карда шудааст.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ин Агентӣ ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,7 фоиз зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ, афзоиши истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда дар минтақаҳои ҷумҳурӣ тамоюли мусбат доштааст.
Аз ҷумла ба иттилои Агентӣ, дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсолот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,1%, вилояти Хатлон 13,7%, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4,6% ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1,4%афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар соҳаи парандапарварӣ низ афзоиши истеҳсолот ба назар мерасад.
Заглушка к инфографике Что выращивают в Согдийской области? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2026
Чорводорӣ дар Тоҷикистон чӣ тавр рушд кардааст?
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшти паранда дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ ба 36 ҳазору 314 тонна расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,9% зиёд мебошад.
Бештар аз ҳама гӯшти паранда дар вилояти Суғд(16 ҳазору 984 тонна) истеҳсол шудааст.
ҲҲамзамон дар вилояти Хатлон 8 ҳазору 819 тонна, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 10 ҳазору 439 тонна ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 72 тонна гӯшти паранда истеҳсол шудааст.
Лентаи хабарҳо
0