Сеюмин Синамоҷоизаи “Тоҷи Сомон” чӣ гуна гузашт? -видео
© Sputnik
Обуна шудан
"Тоҷи Сомон” ҷоизаи бонуфузи миллии синамо ва ҷашнвораи байналмилалист, ки ҳамасола беҳтарин коргардонҳо ва ҳунармандонро дар пойтахти Тоҷикистон ҷамъ меорад
Дар сеюмин Синамоҷоизаи “Тоҷи Сомон” дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” аз миёни даҳҳо филм беҳтарин ва сазовори Шоҳҷоиза дониста шуд.
Синамоҷоизаи “Тоҷи Сомон”, ки бори сеюм баргузор мешавад, 15-уми октябр дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт ва ба қавли масъулин, дар доираи он даҳҳо филми дохидиву хориҷӣ, аз ҷумла аз кишварҳои Эрону Узбекистону Русия намоиш дода шуд.
Синамоҷоизаи “Тоҷи Сомон”, ки бори сеюм баргузор мешавад, 15-уми октябр дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт ва ба қавли масъулин, дар доираи он даҳҳо филми дохидиву хориҷӣ, аз ҷумла аз кишварҳои Эрону Узбекистону Русия намоиш дода шуд.
Шоми дирӯз, 19-уми октябр, дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими пӯшидашавии ҷашнвора баргузор шуд.
Дар маросим беҳтарин филм, нақшофар, коргардон, танзимгар, наворбардор, филми ҳуҷатӣ ва бадеӣ, расомро эълон карданд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар ин чорабинӣ ширкат варзид ва фазои ин синамоҷашнвора, ҷоизаҳои асосии он ва иштирокчиёни маъруфро сабт кард.
Дар маросими расмии эълони ғолибон, ба Марям Исоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҷоизаи махсуси шаҳрдори пойтахт барои саҳми арзандааш дар рушди филмофарии кишвар тақдим карда шуд.
Намоиши филмҳои эронӣ дар ҷашнвораи синамои Душанбе: видео
Барандаи ҷоизаҳои ҷашнвора Сеюмин Синамоҷоизаи “Тоҷи Сомон” инҳоянд:
Барандаи ҷоизаҳои ҷашнвора Сеюмин Синамоҷоизаи “Тоҷи Сомон” инҳоянд:
Беҳтарин филми дебютӣ – Ҷамшод Шоев, филми “Ансор ва Мубин”;
Беҳтарин рассом – Тоҳир Назаров ва Лутфулло Неъматов, филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”;
Беҳтарин рассоми либос – Шӯҳратҷон Камолов, филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”;
Беҳтарин наворбадор – Наврӯз Саидов, филми “Моҳи барои Черчил”;
Беҳтарин танзим – Орзу Шарифов, Нигина Раҷабова, филми “Моҳи барои Черчил”;
Беҳтарин филми кӯтоҳмуддат – Рустам Шоазимов, филми “Нафас”;
Беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ – Рустам Саторзода, филми “Хутали Қадим”;
Беҳтарин филми тасвирӣ – Тахмина Мӯъминова, филми “Пайғом”;
Беҳтарин нақши занона – Амина Ҳафизова, филми “Фосилаҳо”;
Беҳтарин нақши мардона – Пӯлод Нозимов, филми “Моҳи барои Черчил”;
Беҳтарин коргардон – Абдулҳай Зокиров, филми “Решаҳо”;
Беҳтарин филми муштарак – Манзаралӣ Шералӣ, филми “Хуршеду моҳ”;
Ҷоизаи махсуси ҳакамон – Муҳаммадрабӣ Исмоил, филми “Ошёни меҳр”;
Беҳтарин филми бо ҳуши маснӯӣ офаридашуда – Комилҷон Сафаров, филми “Дузди офтоб”;
Беҳтарин филми бадеӣ – Зафар Алӣ, филми “Сабр”;
Ҷоиза бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон – Носир Раҳмон, филми ҳуҷҷатии “Тараннуми истиқлол”;