https://sputnik.tj/20261020/ia-namedonad-kiev-70-mlrd-evro-paydo-1081357096.html
ВАО: ИА намедонад, ки аз куҷо барои Киев 70 млрд евро пайдо кунад
ВАО: ИА намедонад, ки аз куҷо барои Киев 70 млрд евро пайдо кунад
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои Аврупо бо мушкилоти молӣ ва сиёсӣ рӯбарӯ ҳастанд, ки аз сабаби талаботи нави хароҷоти низомии Украина ба миён омадаанд
2026-10-20T15:59+0500
2026-10-20T15:59+0500
2026-10-20T15:59+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
киев
маблағгузорӣ
иттиҳоди аврупо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/19/1079908369_0:305:3072:2033_1920x0_80_0_0_566e70ee23e73f949c088035d7df4e7b.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Дархостҳои нави молиявии Владимир Зеленский барои 70 млрд еврои иловагӣ ба Киев кишварҳои Аврупоро дар вазъияти душвор қарор додааст.Дар ин бора, рӯзномаи итолиёвии La Repubblica навиштааст.Дар мақола қайд карда мешавад, ки Маҷористон, Ҷумҳурии Чех ва Словакия аллакай аз иштирок дар маблағгузорӣ худдорӣ кардаанд. Дар айни замон, бо назардошти интихоботи дарпешистода, ҷудо кардани маблағ барои Фаронса, Италия, Юнон ва Лаҳистон ба як масъалаи ниҳоят ҳассос табдил меёбад.Қаблан, хабаргузории Словакия TASR бо истинод ба сарвазир Роберт Фитсо, хабар дод, ки Зеленский аз ИА барои пӯшонидани хароҷоти низомӣ дар соли 2027 70 млрд еврои иловагӣ дархост кардааст.Сардори ҳукумат таъкид кард, ки Братислава барои ин мақсад маблағ ҷудо намекунад. Аз ҷониби худ, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен пас аз нишасти Брюссел эътироф кард, ки ниёзҳои Украина афзоиш хоҳанд ёфт.Маскав борҳо таъкид кардааст, ки таъмини минбаъдаи силоҳ ва маблағҳои Ғарб ба Киев низоъро тӯл медиҳад ва ба ҳалли осоиштаи он халал мерасонад. Русия ба зарурати ҳалли сабабҳои аслии бӯҳрон ва ба назар гирифтани манфиатҳои амниятии Русия таъкид мекунад.Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти махсуси низомӣ анҷом медиҳад.Президенти Русия Владимир Путин рисолати онро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва генотсид қарор гирифтаанд" тавсиф кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти махсуси низомӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.Кишварҳои Ғарб расман даст доштани худро дар низоъ дар Украина рад мекунанд, аммо ба Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина силоҳ медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли дорои силоҳ, ки барои Украина пешбинӣ шудааст, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо таъмини силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот бораи ҳалли низоъ изҳор кардааст, аммо Киев манъи қонунгузории музокиротро ҷорӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20261020/uittkoff-muloqot-kiev-ia-putin-1081353177.html
украина
киев
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/19/1079908369_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_faab3f7e687a23f69a7329eed1e6573f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, киев, маблағгузорӣ, иттиҳоди аврупо
украина, киев, маблағгузорӣ, иттиҳоди аврупо
ВАО: ИА намедонад, ки аз куҷо барои Киев 70 млрд евро пайдо кунад
Кишварҳои Аврупо бо мушкилоти молӣ ва сиёсӣ рӯбарӯ ҳастанд, ки аз сабаби талаботи нави хароҷоти низомии Украина ба миён омадаанд
ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Дархостҳои нави молиявии Владимир Зеленский барои 70 млрд еврои иловагӣ ба Киев кишварҳои Аврупоро дар вазъияти душвор қарор додааст.
Дар ин бора, рӯзномаи итолиёвии La Repubblica навиштааст.
"Мо намедонем, ки [пулро] аз куҷо пайдо кунем", - гуфт як мақоми баландпояи Шӯрои Аврупо.
Дар мақола қайд карда мешавад, ки Маҷористон, Ҷумҳурии Чех ва Словакия аллакай аз иштирок дар маблағгузорӣ худдорӣ кардаанд.
Дар айни замон, бо назардошти интихоботи дарпешистода, ҷудо кардани маблағ барои Фаронса, Италия, Юнон ва Лаҳистон ба як масъалаи ниҳоят ҳассос табдил меёбад.
Қаблан, хабаргузории Словакия TASR бо истинод ба сарвазир Роберт Фитсо, хабар дод, ки Зеленский аз ИА барои пӯшонидани хароҷоти низомӣ дар соли 2027 70 млрд еврои иловагӣ дархост кардааст.
Сардори ҳукумат таъкид кард, ки Братислава барои ин мақсад маблағ ҷудо намекунад. Аз ҷониби худ, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен пас аз нишасти Брюссел эътироф кард, ки ниёзҳои Украина афзоиш хоҳанд ёфт.
Маскав борҳо таъкид кардааст, ки таъмини минбаъдаи силоҳ ва маблағҳои Ғарб ба Киев низоъро тӯл медиҳад ва ба ҳалли осоиштаи он халал мерасонад. Русия ба зарурати ҳалли сабабҳои аслии бӯҳрон ва ба назар гирифтани манфиатҳои амниятии Русия таъкид мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти махсуси низомӣ анҷом медиҳад.
Президенти Русия Владимир Путин рисолати онро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва генотсид қарор гирифтаанд" тавсиф кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти махсуси низомӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои Ғарб расман даст доштани худро дар низоъ дар Украина рад мекунанд, аммо ба Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина силоҳ медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли дорои силоҳ, ки барои Украина пешбинӣ шудааст, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо таъмини силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот бораи ҳалли низоъ изҳор кардааст, аммо Киев манъи қонунгузории музокиротро ҷорӣ кардааст.