https://sputnik.tj/20261018/beshtar-mahsulot-kishovarzi-tojikiston-khatlon-istehsol-1081305680.html
Бештар маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Хатлон истеҳсол мешавад
Бештар маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Хатлон истеҳсол мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилоят зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи минтақа аз тобеинаш хостааст, ки барои иҷрои пурраи нақшаҳои буҷет ва ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешанд
2026-10-18T12:12+0500
2026-10-18T12:12+0500
2026-10-18T12:12+0500
дар тоҷикистон
кишоварзӣ
омор
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/03/1032753632_80:479:2861:2043_1920x0_80_0_0_6d6635e47da1cc9c60cb8cfb41aec118.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Деҳқонони вилояти Хатлон зарфи нуҳ моҳи соли гузашта ба маблағи 35,7 млрд сомони маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсоли кардаанд.Суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоизро ташкил дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати вилоят. Ба иттилои манбаъ, ҳиссаи вилояти Хатлон дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ 53,3%-ро ташкил медиҳад. Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 864,2 ҳазор тонна ғалладона, 224 ҳазор тонна картошка, 1,8 миллион тонна сабзавот, 945,6 ҳазор тонна маҳсулоти полезӣ, 378,1 ҳазор тонна мева ва 133 ҳазор тонна ангур истеҳсол карда шуд. Инчунин, истеҳсоли гӯшт ба 138,8 ҳазор тонна, шир ба 345 ҳазор тонна ва тухм ба 137,6 миллион дона расид, афзудааст манбаъ.Ҳамзамон, нишондиҳандаҳои истеҳсоли сабзавот 15%, картошка 3,7%, гӯшт 12,9%, мева 9,2%, ангур 7,5%, тухм 8,7% ва пилла 40,3% афзоиш ёфтанд. Саршумори чорвои калони шохдор, гӯсфанду буз ва дигар намудҳои чорво низ афзоиш ёфт. Дар ин давра барои таъмини хӯроки чорво 1 миллиону 420,7 ҳазор тонна хӯроки дурушт ва 22,3 ҳазор тонна хӯроки ширадор захира карда шуд.Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи минтақа аз тобеинаш хостааст, ки барои иҷрои пурраи нақшаҳои буҷет ва ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
https://sputnik.tj/20260820/vazorati-kishovarz-khudtaminkuni-tojikiston-mahsuloti-ghizoi-1079786333.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/03/1032753632_201:0:2932:2048_1920x0_80_0_0_39b3e637c6e670f664b7ae6a1585f190.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, кишоварзӣ, омор, хатлон
дар тоҷикистон, кишоварзӣ, омор, хатлон
Бештар маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Хатлон истеҳсол мешавад
Раиси вилоят зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи минтақа аз тобеинаш хостааст, ки барои иҷрои пурраи нақшаҳои буҷет ва ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешанд
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Деҳқонони вилояти Хатлон зарфи нуҳ моҳи соли гузашта ба маблағи 35,7 млрд сомони маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсоли кардаанд.
Суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоизро ташкил дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати вилоят.
Ба иттилои манбаъ, ҳиссаи вилояти Хатлон дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ 53,3%-ро ташкил медиҳад.
Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 864,2 ҳазор тонна ғалладона, 224 ҳазор тонна картошка, 1,8 миллион тонна сабзавот, 945,6 ҳазор тонна маҳсулоти полезӣ, 378,1 ҳазор тонна мева ва 133 ҳазор тонна ангур истеҳсол карда шуд.
Инчунин, истеҳсоли гӯшт ба 138,8 ҳазор тонна, шир ба 345 ҳазор тонна ва тухм ба 137,6 миллион дона расид, афзудааст манбаъ.
Ҳамзамон, нишондиҳандаҳои истеҳсоли сабзавот 15%, картошка 3,7%, гӯшт 12,9%, мева 9,2%, ангур 7,5%, тухм 8,7% ва пилла 40,3% афзоиш ёфтанд.
Саршумори чорвои калони шохдор, гӯсфанду буз ва дигар намудҳои чорво низ афзоиш ёфт.
Дар ин давра барои таъмини хӯроки чорво 1 миллиону 420,7 ҳазор тонна хӯроки дурушт ва 22,3 ҳазор тонна хӯроки ширадор захира карда шуд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи минтақа аз тобеинаш хостааст, ки барои иҷрои пурраи нақшаҳои буҷет ва ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешанд.