Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни Меҳргон шодбош гуфт

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2026
Обуна шудан
Ба гуфтаи президенти Тоҷикистон ин ҷашн дар ҳаёти мардуми мо ҳамчун рамзи бедорӣ, фарҳангсолорӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати кишоварзон, шукронаи файзу баракати фасли тирамоҳ ва ойини дӯстиву муҳаббат побарҷо буд
ДУШАНБЕ, 17 окт - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро ба ифтихори ҷашни Меҳргон шодбош гуфт.
Эмомалӣ Раҳмон дар номаи шодбошияш гуфтааст, ки Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии тоҷикон аст, ки реша дар таърихи чандинҳазорсола дорад.
"Ба шарофати ҷашнҳои миллии бостониамон – Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада мо тавонистем тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати соҳибфарҳанг, дорои тамаддуни қадима ва анъанаҳои нодири мардумӣ муаррифӣ кунем", - гуфтааст кишвардор.
Раҳмон бовар дорад, ки маҳз бо омӯхтан ва аз худ кардани мероси гаронмояи гузаштагонамон имкон шуд, симои фарҳангии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ ҳифз шавад.
"Дар баробари ин, моро зарур аст, ки ойинҳои бостонии миллӣ, аз ҷумла ҷашни Меҳргонро ба ҳаёти имрӯза пайванди бештар дода, ба омили пешрафти фарҳанг, илму маориф, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва рушди иқтисоди миллӣ табдил диҳем", - таъкид кард президент.
Праздничное шествие, посвященное 35-летию независимости Республики Таджикистан. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2026
Тоҷикистон дар 35 соли истиқлолият чӣ дастовардҳо дошт?
Президент дар номаи шодбошиаш, изҳори итминон кардааст, ки мардуми заҳматқарину соҳибфарҳанги тоҷик минбаъд низ анъанаҳои арзишманди ниёгонро бо мазмуну муҳтавои созанда ғанӣ гардонида, аз имкониятҳои мавҷуда барои муаррифии бештари таъриху фарҳанги миллӣ самаранок истифода мекунанд.
Кишвардор ба ҳар як хонадони кишвар оромиву осудаҳолӣ, иқболи нек ва баракати рӯзгор орзу кард.
Лентаи хабарҳо
0