Лавров: Тундравҳо аз Афғонистон барои густариши таҳдидҳои террористӣ истифода мекунанд

© AP / Rafiq MaqboolВооруженные люди в Афганистане. Иллюстративное фото
Вооруженные люди в Афганистане. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2026
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Русия эълом кард ки ДОИШ*-и Хуросон қасд дорад аз Афғонистон ба унвони пойгоҳе барои густариши фаъолиятҳои террористии худ ба Осиёи марказӣ ва Русия истифода кунад
ДУШАНБЕ, 17 окт - Sputnik. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, гуруҳҳои террористӣ ба таври қобили таваҷҷӯҳе дар манотиқи марзии Афғонистон бо Тоҷикистон ва Узбекистон урдугоҳҳои омӯзишӣ доранд.
Вазири хориҷаи Русияи ахиран дар нишаст муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Маскав, гуфт, ки тибқи арзёбии Русия ва созмонҳои иттилоотии Русия, хатари аслӣ аз сӯйи ҷангҷуёни гурӯҳи “вилояти хуросон”* сарчашма мегирад.
Лавров афзуд, ки гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ ва ҳамчунин урдугоҳҳои омӯзишии онҳо ҳамчунон ба таври қобили таваҷҷуҳе дар манотиқи марзии Афғонистон бо Тоҷикистон ва Узбекистон ҳузур доранд.
Вай гуфт, ки террористҳо метавонанд аз хоки Афғонистон дар пушиши паноҳанда ё гардишгар ба Осиёи марказӣ нуфуз кунанд.
Вазорати хориҷаи Русия пештар гуфта буд, ки намояндагони кишварҳои узви ин се созмон, коршиносони рӯсӣ ва хориҷӣ ва диплумотҳо дар ин нишаст дар бораи чолишҳои амниятии минтақа, таҳдидҳои муртабит бо Афғонистону роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ гуфтугӯ мекунанд.
Ин ниҳод далатии Русия афзуд, ки гурӯҳи “вилояти хуросон”, шохаи минтақави ДОИШ*, ошкоро талош мекунад тавонои ҳокимони Кобулро барои ҳифзи субот дар Афғонистон тазъиф кунад.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров выступает на конференции ОДКБ, СНГ и ШОС в Москве по безопасности в Центральной Азии и Афганистане.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2026
Лавров: Русия ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон кумак мекунад
Вазири хориҷаи Русия таъкид кард ки тундравҳо ҳам замон мехоҳанд аз хоки Афғонистон барои интиқоли фаъолиятҳои террористӣ ба кишварҳои Осиёи марказӣ ва Русия истифода кунанд.
Сергей Лавров пештар низ дар ҳаштумин нишаст формати Маскав дарбора Афғонистон, хостори кумакҳои фаннӣ, таҷҳизотӣ ва коршиносӣ барои тақвияти тавонои мубориза бо терроризм дар Афғонистон шуда буд.
Ӯ дар он нишаст гуфта буд, ки неруҳои амниятии Толибон** бо ДОИШ ва дигари гурӯҳҳои террористӣ мубориза мекунанд ва садҳо ҷангҷӯ кушта шудаанд .
Ба гуфта вай, шуморе аз ҳамалоти террористии алайҳи шаҳрвандони хориҷӣ ва намояндагиҳои диплумотик низ хунсо шудааст.
*- гурӯҳи террористии мамнъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
**Гурӯҳ барои амалҳои террористаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0